Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Вазорат тоҷикистониёнро ба ваксинзанӣ даъват мекунад: чанд нафар гирифту чӣ қадар не

© Sputnik Вакцинация от коронавируса в Таджикистане
Вакцинация от коронавируса в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, чанд нафар дар Тоҷикистон, бар зидди вируси корона ваксин гирифт
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон наздики ним миллион нафар бар зидди вируси корона эм шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
"То 16 июл дар Тоҷикистон 421 ҳазору 832 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории сироятии COVID-19 фаро гирифта шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи иттилои манбаъ, вояи дуюми ваксина то рӯзи зикргардида ба 20 ҳазору 190 нафар шаҳрвандон гузаронида шудааст.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ муқобила бо сироятии COVID-19, ки 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Художественная иллюстрация вируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Ин ниҳод аз нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, даъват мекунад, ки ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд.
"Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад", - таъкид мекунад манбаъ.
Вазорат мегӯяд, мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар гирифтани ваксина бар зидди сирояти мазкур маънидод мекунанд.
Бидуни фавт: эълони омори нави гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон
Манбаъ афзуда, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад.
Лентаи хабарҳо
0