Борону раъду барқ: пешгӯии дақиқи обу ҳавои Тоҷикистон барои 19 июн

© Sputnik / Амир ИсаевДождливый день, архивное фото
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят раъду барқ ба амал меояд.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Дар иди Қурбон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 21+23 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0