https://sputnik.tj/20210718/idi-qurbon-havo-garm-1040966101.html
Дар иди Қурбон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар иди Қурбон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавошиносон то 19 июл дар Суғду ВМКБ фаромадани селҳои пиряхиро пешгӯӣ мекунанд
2021-07-18T09:15+0500
2021-07-18T09:15+0500
2021-07-18T09:28+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/93/1026179323_0:0:2731:1537_1920x0_80_0_0_6df0e12754661c70b70c1c7d1f264c73.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад. Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, то 20 июл дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дамои ҳаво то 36+43 дараҷа тафсон мешавад.Аммо дар аксар минтақаҳо боридани борон, вазиши боди шадид ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.Ба иттилои манбаъ, 18-21 июли соли равон дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.Дар вилояти Суғд низ бод бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳамзмон дар ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор ба амад меояд.Манбаъ меафзояд, аз 16 то 19 июл дар вилояти Суғд ва ВМКБ фаромадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.Имсол дар Тоҷикистон Иди Қурбон, яке аз ҷашнҳои мусалмонони дунё санаи 20 июл таҷлил карда мешавад.Ёдовар мешавем, соли гузашта бинобар вазъи ногувори пандемия дар кишвар намози дастаҷамъонаи Иди Қурбон доир нагашт.Моҳи майи соли ҷорӣ бошад намози Иди Рамазон бинобар беҳ шудани вазъ доир гашт, аммо мақомоти тоҷик баъди беш аз панҷ моҳ санаи 21 июн дигарбора аз хуруҷи коронавирус дар кишвар хабар доданд.Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
https://sputnik.tj/20210717/tahdid-masjidband-talab-namozguzoron-id-qurbon-1040964459.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/93/1026179323_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_43a687193b15defa3c5c452328e26ce5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иди қурбон ҳаво гарм
Дар иди Қурбон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
09:15 18.07.2021 (Навсозишуда: 09:28 18.07.2021) Ҳавошиносон то 19 июл дар Суғду ВМКБ фаромадани селҳои пиряхиро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад. Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, то 20 июл дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дамои ҳаво то 36+43 дараҷа тафсон мешавад.
Аммо дар аксар минтақаҳо боридани борон, вазиши боди шадид ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, 18-21 июли соли равон дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
Дар вилояти Суғд низ бод бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳамзмон дар ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор ба амад меояд.
Манбаъ меафзояд, аз 16 то 19 июл дар вилояти Суғд ва ВМКБ фаромадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Имсол дар Тоҷикистон Иди Қурбон, яке аз ҷашнҳои мусалмонони дунё санаи 20 июл таҷлил карда мешавад.
Ёдовар мешавем, соли гузашта бинобар вазъи ногувори пандемия дар кишвар намози дастаҷамъонаи Иди Қурбон доир нагашт.
Моҳи майи соли ҷорӣ бошад намози Иди Рамазон бинобар беҳ шудани вазъ доир гашт, аммо мақомоти тоҷик баъди беш аз панҷ моҳ санаи 21 июн дигарбора аз хуруҷи коронавирус дар кишвар хабар доданд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.