https://sputnik.tj/20210718/vazir-tojik-bozor-ruymol-kurtai-tojiki-mardum-aks-1040973777.html
Вазири тоҷик дар бозор - бо рӯймолу куртаи тоҷикӣ миёни мардум: қолабшикании Амонзода–акс
Вазири тоҷик дар бозор - бо рӯймолу куртаи тоҷикӣ миёни мардум: қолабшикании Амонзода–акс
Sputnik Тоҷикистон
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аксашро аз бозори серодам аз миёни анбуҳи бузурги харидорону савдогарон нашр кард
2021-07-18T16:26+0500
2021-07-18T16:26+0500
2021-07-18T16:44+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
вазир
бозор
иди қурбон
ширин амонзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/12/1040973744_0:127:526:423_1920x0_80_0_0_e3601ff5f16b2fea7c18aac8e19ad94b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ширин Амонзода, вазири тоҷик, имрӯз аксашро аз бозор дар Душанбе нашр кардааст, ки бар асоси он қоидаҳои беҳдоштии даврони коронавирус риоя намешаванд.“Рӯзи бозор - дар Бозор”, - шарҳ додааст аксашро Амонзода, ки зоҳиран имрӯз дар бозор дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст.Бархе аз корбарон ин амали Амонзодаро қолабшиканӣ хонда, изҳор доштаанд, ки одатан мансабдорони баландпояи Тоҷикистон дастнорасанду дар қатори омма дар бозору нақлиёти ҷамъиятӣ пайдо намешаванд.Аз ҷумла Ҳуриниссо Ализода, рӯзноманигорони шинохтаи Тоҷикистон аз ин амали Амонзода тавсиф карда, изҳор доштааст, ки одатан дар ҷумҳурӣ мансабдор ин маънои дастнорас будан, бо касе дӯстӣ накардан, ба ягон тӯю маъракаҳо нарафтан, ба бозор ё мағозачаҳои майда по нагузоштан ва умуман по нагузоштан дар заминро гирифтааст. Бозорравии вазир Амонзода дар ҳоле сурат гирифтааст, ки бисёри корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, имрӯзҳо дар бозорҳо ҷойи поймонӣ нест, чун арафаи иди Қурбон асту мардум зиёд рӯй ба бозор овардаанд, то либосу хони ҷашнӣ фароҳам созанд.Мақомоти тоҷик аз мардум даъват карданд, дар арафа ва Иди Қурбон, ки 20 июл таҷлил мешавад, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянду ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.Дар аксе, ки Амонзода аз миёни анбуҳи мардум нашр кардааст, бисёриҳо ниқоб надоранд. Риояи фосилаи иҷтимоӣ дар чунин шароит ғайриимкон ба назар мерасад ва тавре яке аз корбарон навиштааст, худи вазир низ як қоидаро вайрон карда, тавзеҳ додаст, ки Амонзода дастпӯшак надорад.Ахиран Шӯрои уламои Тоҷикистон низ бо нашри як изҳорот мардумро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва худдорӣ аз исрофкорӣ даъват намуда, аз афроди осебпазир хост, намози идро на дар масҷид, балки дар хонаҳояшон анҷом диҳанд.
https://sputnik.tj/20210714/tanba-zan-muysafed-vazir-bardosht-avtobussavori-1040894793.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/12/1040973744_0:78:526:473_1920x0_80_0_0_f8808f2d186c261820cf929c590665a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозор, ширин амонзода, вазир,
бозор, ширин амонзода, вазир,
Вазири тоҷик дар бозор - бо рӯймолу куртаи тоҷикӣ миёни мардум: қолабшикании Амонзода–акс
16:26 18.07.2021 (Навсозишуда: 16:44 18.07.2021) Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аксашро аз бозори серодам, аз миёни анбуҳи бузурги харидорону савдогарон нашр кард
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ширин Амонзода, вазири тоҷик, имрӯз аксашро аз бозор дар Душанбе нашр кардааст, ки бар асоси он қоидаҳои беҳдоштии даврони коронавирус риоя намешаванд.
“Рӯзи бозор - дар Бозор”, - шарҳ додааст аксашро Амонзода, ки зоҳиран имрӯз дар бозор дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст.
Бархе аз корбарон ин амали Амонзодаро қолабшиканӣ хонда, изҳор доштаанд, ки одатан мансабдорони баландпояи Тоҷикистон дастнорасанду дар қатори омма дар бозору нақлиёти ҷамъиятӣ пайдо намешаванд.
Аз ҷумла Ҳуриниссо Ализода, рӯзноманигорони шинохтаи Тоҷикистон аз ин амали Амонзода тавсиф карда, изҳор доштааст, ки одатан дар ҷумҳурӣ мансабдор ин маънои дастнорас будан, бо касе дӯстӣ накардан, ба ягон тӯю маъракаҳо нарафтан, ба бозор ё мағозачаҳои майда по нагузоштан ва умуман по нагузоштан дар заминро гирифтааст.
Бозорравии вазир Амонзода дар ҳоле сурат гирифтааст, ки бисёри корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, имрӯзҳо дар бозорҳо ҷойи поймонӣ нест, чун арафаи иди Қурбон асту мардум зиёд рӯй ба бозор овардаанд, то либосу хони ҷашнӣ фароҳам созанд.
Мақомоти тоҷик аз мардум даъват карданд, дар арафа ва Иди Қурбон, ки 20 июл таҷлил мешавад, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянду ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.
Дар аксе, ки Амонзода аз миёни анбуҳи мардум нашр кардааст, бисёриҳо ниқоб надоранд. Риояи фосилаи иҷтимоӣ дар чунин шароит ғайриимкон ба назар мерасад ва тавре яке аз корбарон навиштааст, худи вазир низ як қоидаро вайрон карда, тавзеҳ додаст, ки Амонзода дастпӯшак надорад.
Ахиран Шӯрои уламои Тоҷикистон низ бо нашри як изҳорот мардумро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва худдорӣ аз исрофкорӣ даъват намуда, аз афроди осебпазир хост, намози идро на дар масҷид, балки дар хонаҳояшон анҷом диҳанд.