https://sputnik.tj/20210718/parokandagi-tojik-suhbat-tolibon-bahs-1040975689.html
“Парокандагии тоҷикӣ”: суҳбат бо нафаре, ки бо "Толибон"* 9 моҳ баҳс кардааст
“Парокандагии тоҷикӣ”: суҳбат бо нафаре, ки бо "Толибон"* 9 моҳ баҳс кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Афғонистон чӣ мегузарад ва “Толибон”* кистанд? Дар ин бора нафаре суҳбат мекунад, ки 20 сол дар канори Аҳмадшоҳи Масъуд ҷангида, 9 моҳ бо “Толибон” баҳс кардааст
2021-07-18T22:33+0500
2021-07-18T22:33+0500
2021-07-18T23:29+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
афғонистон
ҷанг
баҳс
гуфтушунид
тоҷикон
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/12/1040975663_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_fef8ceab362cad195207eb0535697f78.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik, Фахриддини Холбек. Тӯли 19 моҳе, ки мо бо “Толибон”* аз наздик баҳс кардем, дарёфтем, ки онҳо аз назари фикрӣ ҳеҷ гуна тағйир накардаанд, мегӯяд Ҳафиз Мансур, узви ҳайати давлати Афғонистон, ки аз сентябри соли 2020 ба ин сӯ бо “Толибон”* сари мизи музокирот буд.Абдулҳафиз Мансур, маъруф ба Ҳафиз Мансур, узви Шӯрои раҳбарии Ҷамъияти исломии Афғонистон, дар гузашта вазири фарҳанг ва раиси Радио ва телевизиони Афғонистон буд. Аз 15 – солагӣ ба сафи муҷоҳидин таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд пайваст ва то охир дар канори ӯ бо корҳои фарҳангӣ машғул буд.Ӯ дар ҳоли ҳозир яке аз сиёсатмадорони исломгарои мӯътадили Афғонистон аст, ки аз низоми кунунӣ дар ин кишвар ҳимоят мекунад. Ӯ ба намояндагӣ аз ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон дар музокироти Доҳа ширкат намуда, ба ин натиҷа расидааст, ки боварҳои “Толибон”* нисбат ба ҷаҳон, миллатҳо, ҳамсояҳо, зан, ҳуқуқи башар, ҳарими кишварҳо, мусулмону номусулмон ба монанди ҳамон “Толибон”*-и 27 соли пеш аст.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз Ҳафиз Мансур дар ин боб ва дигар масоили доғи Афғонистон тафсилоти бештар хост.- Лутфан, шарҳ медодед, ки ин гуруҳ чӣ тур аз ҳамон роҳи иштибоҳ пеш меравад ва барои чӣ?- “Толибон”* дар даврае, ки ба бахши бузурги Афғонистон ҳокимият доштанд, Афғонистонро пойгоҳи терроризму террористон сохтанд. Аз ҷангиёни кашмирӣ, ки дар ин ҷо таълим медиданд, то камп (урдугоҳ) – и Абумусааб Зарқовӣ дар Ҳирот буд. Ҷумъаи Намагонӣ бо Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ҳукумати ҷиловатани Чеченистон дар Кобул, ифротиёни тоҷикистониву ӯйғурӣ, дар умум ҳудуди 30 кишвар дар Афғонистон ҳузур доштанд.Дар поёни кор ҳам вақте Амрико аз хоки Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифт, нахуст ба “Толибон”* гуфт, ки Усома бин Лодин дар Афғонистон ва масъули ин ҳамалот аст, лутф кунед, ӯро ба мо таслим кунед. Аммо “Толибон”* ӯро надод. Гуфт, ин бародари диниву ҳамкеш ва мусулмони мост, ба номусулмон намедиҳем. Як террористро аз манфиатҳои Афғонистон боло гузошт ва Амрикову НАТО – ро ба сари ватани худ овард.Ҳоло ҳам ана ҳамон толиб аст ва дар канорашон ҳамон созмонҳои террористӣ. Ҳоло ҳам мебинед, дар манотиқе, ки тоза контрол мекунанд, ҳамон қамчину шаллоқу бархӯрдашон аст бо мардуми бумӣ, занон, таълиму тарбия ва ғайра. Мушкил ин аст, ки онҳо он замон ва ин замон ҳам барои Афғонистон барномае надоранд, зеро як гуруҳи ниёбатӣ аст ва ба манфиати кишварҳои хориҷӣ кор мекунад.- Оё мо – кишварҳои Шимол – шурӯъ аз Осиёи Марказӣ то Русияву Чин - аз онҳо хавф дошта бошем?- Бовари ман ин аст, ки агар ба зудӣ дар шимоли Афғонистон “Толибон”* саркӯб нашаванд, аз ин минтақа як “Вазиристони дигар” (Вазиристон минтақае дар Покистон аст, ки пойгоҳҳои созмонҳои террористӣ дар он барои ҷанг дар Афғонистон мустақар шудаанд) ҷӯр мекунанд ва ба суръат нооромиҳоро дар Осиёи Марказӣ ва ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Русия, мисли Тотористон, Доғистон, Чеченистон ва ғайра густариш медиҳанд.- Зоҳиран, “Толибон”* дар Афғонистон гир мондаанд. Чӣ аломатҳоро барои убури онҳо аз дарёи Ому мебинед?- Аввалан, Амрико меравад, аммо 1,5 миллиард доллар барои тақвият дар ихтиёри Покистон қарор мегирад, ин ба чӣ маъност? Дуввум, мизони лашкаркашӣ аз мадрасаҳои Покистон ба Афғонистон афзоиш пайдо кардааст. Ин чӣ маъно дорад? Ҳамин ҳоло, бино ба иттилои мувассақ, мурдаҳои “Толибон”* беҳисоб аз Спинбулдаки Қандаҳор ба самти Покистон интиқол мешаванд. Кам касе огоҳ аст, ки дар Шимол бештар аз ҳама артиши Покистон ва муфризаҳои маҳалливу хориҷии онҳо дар набарданд. Инҳо чӣ мехоҳанд?Кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) маҷбур ҳастанд, ки бисёр ба зудӣ аз худ дифоъ кунанд ва барои он ки нооромиҳо аз Афғонистон ба қаламрави эшон сироят накунад, маҷбуранд аз муқовимати мардуми Афғонистон ҳимоят намоянд. Аммо суол ин аст, ки кай ба ин ҳақиқат хоҳанд расид ва ин корро хоҳанд кард? Ин корро мекунанд, аммо вақташро намефаҳмем.- Ҷӯр кардани Вазиристон дар Шимол чӣ қадар вақт мехоҳад?- Агар монеа эҷод нашавад, хеле ба зудӣ эҷод мешавад. Сохтани камп (урдугоҳ) – ҳои шӯришгарӣ хеле осон ва арзон аст. Онҳо барои кутоҳмуддат таъминот кор доранд ва кадом тадриси печидае надоранд. Аз назари фикрӣ дар як давраи тӯлонӣ афрод дар мадориси Покистон мағзшӯӣ ва таҷҳизи фикрӣ мешаванд, аммо истифода аз силоҳу дигар абзори ҷанг, бакоргирии минаву хумпораҳо як вақти кам кор дорад. Он метавонад дар ҳар ҷое сурат гирад.- Бубинед, дар қаламрави он сӯи Ому ду созмони хеле муассир аст: Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой. Оё онҳо қодир ба рафъи хатарот нестанд?- Ҳамин тавр сода намешавад ташхис кард, ки як созмони бузурги низомиву сиёсӣ чӣ қадар муассир аст. Масалан, НАТО, ки ин ҷо омад, як номи калон буд, аммо муваффақ набуд. Амрико ҳам. Чигунагии коркард таъин мекунад, ки ин ташкилот ба чӣ қодир аст. То замоне, ки вориди амал нашавад, наметавон ташхис кард, ки ин созмонҳо муваффақ хоҳанд буд ё на.- Дар ҳоли ҳозир, коркарди ин созмонҳо чӣ бошад, ки муассир бошад?- Омадани асокири амрикоӣ ба Афғонистон як иштибоҳ буд. Амрикоиҳо ҳақ доштанд, ки аз “Толибон”* интиқом бигиранд, ба он хотир ки шаҳрвандонаш кушта шуда буданд. Муҷаввизи Шӯрои амнияти СММ – ро ҳам доштанд. Аммо тактикаеро, ки интихоб карданд, ғалат буд.Онҳо метавонистанд бо тақвияти Ҷабҳаи муттаҳид ва давлати Устод Раббонӣ толибро бизананд. Вақте омаданд, ба унвони ишғолгар худашон ворид шуданд, мухолифини толиб дар минтақа ҳам ба дӯстонаш табдил ёфтанд. Вақте Амрико ин ҷо набуд, Эрон мухолифи толиб буд, ба ҳамин минвол, Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҳам толибро қабул надоштанд. Аммо вақте Амрико вориди Афғонистон шуд, “Толибон”*-ро аз инзивои сиёсӣ берун карданд ва онҳо ба ҳайси як қудрат дар минтақа эътироф шуданд. Ин як иштибоҳи бузург буд.Амрико ба Афғонистон ба кадом як ҷазира наомад. Ин Филипин набуд. Худро дар миёни қудратҳои ҷаҳонӣ андохт. Ин роҳу кори осон набуд. Мо дар ҳамон оғоз, ҳанӯз амрикоиҳо наомада, маршал Муҳаммадқосим Фаҳимро барои мулоқот бо Томас Франкс, фармондеҳи ситоди марказии ИМА дар Душанбе фиристода будем. Ба онҳо гуфта будем, ки шумо аскаратонро равон накунед, мо худ тавони саркӯби толибро дорем, аммо имконот надорем.- Шумо ҳамон мулоқотеро дар назар доред, ки ин ду дар майдони ҳавоии Душанбе доштанд? Баъдтар Франкс дар китобаш “Сарбози амрикоӣ” навишт, ки барои харҷи якмоҳаи ҷанг бо “Толибон”* ба Фаҳим 5 миллион доллар дода, масхара карда буд, ки нафаҳмиданд “оё мо аспи савдо кардем ё қолин харидем!”?- Бале, мо ба онҳо гуфта будем, ки агар мо моҳона 2 лак (200 ҳазор) доллар пул дошта бошем, то ҷабҳаамонро нигоҳ кунем, “Толибон”*-ро мезанем. Аммо онҳо гапи моро наменависанд. Масхарабозӣ карданд ва нашармида аз ин қабил ҳарфҳо на фақат ин генерал, балки дигарҳояш низ навиштанд. Акнун кӣ ба ҳоли онҳо бихандад?Ҳоло ҳам ҳарф ҳамин аст: ҳар касе мехоҳад бо аксар биёяд, беҳуда меояд ва иштибоҳ мекунад.- Шумо роҳи корро дар чӣ мебинед?- Роҳи осону арзон – кӯмак ба нерӯҳои муқовимат, давлати феълие, ки ҳаст. Толиб як нерӯи ватанӣ ё бумӣ нест. Як гуруҳи хориҷист. Мардум қабул надорад. На фақат ғайрипаштунҳо, балки аксари кулли паштунҳо низ.- Ва фикр мекунед, касе сари ин гуна тарҳ, ки дар Афғонистони субот ояд, сармоягузорӣ намекунад?- Бале, касе дар фикри мо нест. Ҳар ки кори худро мекунад, хуб масраф мекунад, боз аз шима ки рафт, меравад пушти кораш. Вақте аз пой афтид, ба ҳуш меояд, ки он вақт ҳеҷ коре аз дасташ шуданӣ нест. Шӯравӣ ҳам ин иштибоҳро кард, Амрико ҳам. Аввалиҳо сари коммунистҳо сармоягузорӣ карданд, дуввумиҳо сари демократҳои аз Ғарб омада. Ин ҳарду дар Афғонистон аслан заминаи мардумӣ надоранд.Магар эрониҳо бисёр ҳушёранд. Тӯли таърих, бо он вуҷуд ки заминаҳои ишғол барояшон фароҳам аст, ҳеҷ гоҳ ин иштибоҳро накарданд. Ёдатон бошад, дар Мазори Шариф соли 1998 10 дипломату як рӯзноманигори эрониро “Толибон”* ба ҳалокат расонданд. Эрон ба хашм омад. 250 ҳазор нерӯ ба марзи Афғонистон овард. Аммо ҳамла накард. Ҳушёрона даст ба кор шуд. Чӣ кор кард? Аз тариқи Қирғизистону Тоҷикистон Ҷабҳаи Муттаҳид (Эътилофи Шимол) – ро кӯмак кард ва нагузошт, ки “Толибон”* пешравӣ кунанд.- Аксарият бар инанд, ки ин толибҳо ба “ДОИШ” табдил мешаванд. Шумо чӣ мегӯед?- Шумо ба ин фикред, ки “Толибон”*, “Ал-қоида”* ва “ДОИШ”* аз ҳам фарқ мекунанд? Иштибоҳ мекунед. Инҳо мисли ҳаминанд, ки мо забонамонро тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ мегӯем. Як чизанд ва аслан фарқе миёнашон нест. Амрикоиҳо барои он ки барои худашон як бинии хамирӣ ҷӯр кунад, гуфтанд, мо бо “ДОИШ”* душман ҳастем, бо толиб на. Бо якеаш музокира намекунем, бо дигаре қарордод мекунем. Инҳо ончунон дар ҳам танидаанд, ки пас аз ҳаводиси 11 сентябр Мулло Умар, роҳбари “Толибон”*, Афғонистонро аз даст дод, аммо Усомаро надод.- Ҳоло дар майдони ҷанги Афғонистон чанд нерӯ арзи вуҷуд кард: “Толибон”*, “ДОИШ”*, ҳукумат ва муқовимати дуввум. Инҳоро кӣ мудирият хоҳад кард ё ҷангонд?- Гуруҳҳои ифротиро, ҳар қадар ки ҳастанд, созмони истихборотии Покистон (ISI) мудирият мекунад ва меҷангонад. Барои ҳукумат то дирӯз таъйинкунанда Амрико буд, чун ҳам ҳузури низомиву сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву молӣ дошт. Акнун як давру як фазои нав дар таърих шакл мегирад. Рафтуомадҳое миёни Кобулу дигар кишварҳо ҷараён дорад. Он рӯз як ҳайати хоси Эрон, баъдтар Русия омада буданд. Халое, ки пас аз хуруҷи Амрикову НАТО ба вуҷуд омадааст, бояд пур шавад.Имрӯз як хабар ёфтем, ки Туркия аз ҳукумати мо хостааст, на фақат майдони ҳавоии Кобул, балки тамоми майдонҳои ҳавоии Афғонистонро дар ихтиёраш гузоранд. Эрдуғон гуфт, ки агар ҳукумати Афғонистон хоҳад, мо дар тамоми вилоёт ҳузур пайдо мекунем.Маънои ин чӣ? Покистон бо Чин мехоҳанд тавассути “Толибон”* ин халоро пур кунад. Туркия аз ин роҳ – тариқи майдонҳои ҳавоӣ. Ҳиндустон ва бархе дигар кишварҳо мехоҳанд давлати феълиро мустақар кунанд. Эҳтимолан Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ чизҳои дигаре дар зеҳн доранд.- Русия чӣ кор хоҳад кард, ба фикри Шумо?- Ростӣ, намефаҳмам, аммо аз нигоҳи ман, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд аз нерӯҳои муқовимат ҳимоят кунанд. Ҳатман ки аз ҷаҳолати “Толибон”* ҷонибдор нестанд ва дар ҳамсоягии худ як ҳукумати тундрави исломиро дидан намехоҳанд.- Сарнавишти ҳукумати кунунӣ чӣ мешавад?- Аз ин ҳукумат ва низом дифоъ мешавад. Фардҳо шояд тағйир ёбанд. Аммо аз низом, аз ҷумла мо – аҳли муқовимат алайҳи “Толибон”* ҳимоят мекунем. Мо аз Ашраф Ғанӣ розӣ нестем, раъй ҳам надодаем, аммо аз ин идора ё низоме, ки ба вуҷуд омадааст, ҳимоят мекунем. Сад дар сад. Урду ҳам шикаст хӯраду аз майдон равад, муқовимат бар ивазаш дар майдон истод хоҳад шуд.- Лутфан, бигӯед, ки кадом муқовимат? Замоне Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва нерӯеро ба номи муқовимат раҳбарӣ мекард. Ҳоло ҳам тоҷикон нерӯи асосии муқовимат ҳастанд, аммо пароканда. Ин чӣ муқовимати бидуни раҳбар хоҳад буд?- Муқовимат ҳаст, аммо бидуни раҳбарии ягона. Ин ягон фоҷиа нест. Муҳим будуни муқовимат аст, раҳбар худ ба майдон меояд. Ҳар касе, ки худро, арзандагиву шоистагии худро нишон дод, раҳбар хоҳад шуд. Масъудро касе интихоб накард. Худаш бо тавоноиаш худро собит кард. Майдон барои Исмоилхон, Ато Муҳаммади Нур, Маршал Дӯстум, Салоҳуддин Раббонӣ, Қонунӣ, Бисмиллоҳхон, Аҳмад Масъуд, теъдоде ҳам аз паштунҳову ҳазораҳо ва ҳар каси дигар боз аст. Мо ба касе гуфта наметавонем, ки дастҳоятро банд, ки ин туро бубарад. Новобаста аз қавму ҳизбу забон ҳар касе, ки арзанда буд, мо аз ӯ дифоъ мекунем.- Ин ҳама “тофтаҳои аз ҳам ҷудо афтода” будан нест? Бидуни фармондеҳии ягона чӣ тавр мешавад, муқовимат кард?- На хайр. Дар масъалаи ҷанг ҳама ҳамоҳанг ҳастанд, ҳадаф мушаххас аст ва ҳеҷ мухолифат миёнашон нест. Ҳар кас дар қаламрави таҳти нуфузи худаш он ҷангеро мебарад, ки дигарон дар қаламрави худ мебаранд. Масалан, Исмоилхон дар Ҳирот меҷангад, Аҳмад Масъуд барои ӯ чӣ кор карда метавонад? Ҳар яке пуштибонии тайёраҳои ҳукуматиро доранд ва дар канори ҳукумат меҷанганд. Худо нохоста, ҳукумат суқут кунад, пас аз он амалиётҳоро худи муқовимат танзим хоҳад кард. Писари Аҳмадшоҳи Масъуд нури чашми мост, аммо Афғонистон аз ӯ бештар нури чашми мост.МАЪЛУМОТ: Абдулҳафиз Мансур сӣ сол таҷриба рӯзноманигори дорад. Баъд аз суқути "Толибон"* дар соли 2001 сарпараст (иҷрокунандаи вазифа) – и вазири иттилооту фарҳанг, мудири масъули ҳафтаномаи “Паёми муҷоҳид”, раиси агентии хабаргузории “Бохтар” ва раиси Радио ва телевизиони Афғонистон буд.Ӯ дар давраи шонздаҳуми Маҷлиси намояндагон Афғонистон (2010 – 2019) аз Кобул намояндагӣ мекард.Эзоҳ: ДИИШ*, Ал-қоида* ва Ҷунбиши ҳаракати Толибон* дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ мебошанд.
https://sputnik.tj/20210717/musohiba-ato-jang-shimol-tolibon-tojikon-afghoniston-1040964679.html
https://sputnik.tj/20210718/nizomiddin-kausari-farmondeh-afqoniston-1040968872.html
https://sputnik.tj/20210715/qissaho-haymahoi-gham-guzorish-urdugohho-muhojirin-1040915149.html
https://sputnik.tj/20210715/taqibi-oshiq-tolibon-andoz-1040900909.html
https://sputnik.tj/20210717/nur-tolibon-sulh-sarkub-video-1040961638.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/12/1040975663_118:0:838:540_1920x0_80_0_0_ebd4d1d365948d86213e9c2d59a37ff1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пароканда, тоҷикӣ, суҳбат, "толибон"*, аҳмадшоҳи масъуд, афғонистон, ҷанг, сулҳ,
пароканда, тоҷикӣ, суҳбат, "толибон"*, аҳмадшоҳи масъуд, афғонистон, ҷанг, сулҳ,
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik, Фахриддини Холбек. Тӯли 19 моҳе, ки мо бо “Толибон”* аз наздик баҳс кардем, дарёфтем, ки онҳо аз назари фикрӣ ҳеҷ гуна тағйир накардаанд, мегӯяд Ҳафиз Мансур, узви ҳайати давлати Афғонистон, ки аз сентябри соли 2020 ба ин сӯ бо “Толибон”* сари мизи музокирот буд.
Абдулҳафиз Мансур, маъруф ба Ҳафиз Мансур, узви Шӯрои раҳбарии Ҷамъияти исломии Афғонистон, дар гузашта вазири фарҳанг ва раиси Радио ва телевизиони Афғонистон буд. Аз 15 – солагӣ ба сафи муҷоҳидин таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд пайваст ва то охир дар канори ӯ бо корҳои фарҳангӣ машғул буд.
Ӯ дар ҳоли ҳозир яке аз сиёсатмадорони исломгарои мӯътадили Афғонистон аст, ки аз низоми кунунӣ дар ин кишвар ҳимоят мекунад. Ӯ ба намояндагӣ аз ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон дар музокироти Доҳа ширкат намуда, ба ин натиҷа расидааст, ки боварҳои “Толибон”* нисбат ба ҷаҳон, миллатҳо, ҳамсояҳо, зан, ҳуқуқи башар, ҳарими кишварҳо, мусулмону номусулмон ба монанди ҳамон “Толибон”*-и 27 соли пеш аст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз Ҳафиз Мансур дар ин боб ва дигар масоили доғи Афғонистон тафсилоти бештар хост.
- Лутфан, шарҳ медодед, ки ин гуруҳ чӣ тур аз ҳамон роҳи иштибоҳ пеш меравад ва барои чӣ?
- “Толибон”* дар даврае, ки ба бахши бузурги Афғонистон ҳокимият доштанд, Афғонистонро пойгоҳи терроризму террористон сохтанд. Аз ҷангиёни кашмирӣ, ки дар ин ҷо таълим медиданд, то камп (урдугоҳ) – и Абумусааб Зарқовӣ дар Ҳирот буд. Ҷумъаи Намагонӣ бо Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ҳукумати ҷиловатани Чеченистон дар Кобул, ифротиёни тоҷикистониву ӯйғурӣ, дар умум ҳудуди 30 кишвар дар Афғонистон ҳузур доштанд.
Дар поёни кор ҳам вақте Амрико аз хоки Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифт, нахуст ба “Толибон”* гуфт, ки Усома бин Лодин дар Афғонистон ва масъули ин ҳамалот аст, лутф кунед, ӯро ба мо таслим кунед. Аммо “Толибон”* ӯро надод. Гуфт, ин бародари диниву ҳамкеш ва мусулмони мост, ба номусулмон намедиҳем. Як террористро аз манфиатҳои Афғонистон боло гузошт ва Амрикову НАТО – ро ба сари ватани худ овард.
Ҳоло ҳам ана ҳамон толиб аст ва дар канорашон ҳамон созмонҳои террористӣ. Ҳоло ҳам мебинед, дар манотиқе, ки тоза контрол мекунанд, ҳамон қамчину шаллоқу бархӯрдашон аст бо мардуми бумӣ, занон, таълиму тарбия ва ғайра. Мушкил ин аст, ки онҳо он замон ва ин замон ҳам барои Афғонистон барномае надоранд, зеро як гуруҳи ниёбатӣ аст ва ба манфиати кишварҳои хориҷӣ кор мекунад.
- Оё мо – кишварҳои Шимол – шурӯъ аз Осиёи Марказӣ то Русияву Чин - аз онҳо хавф дошта бошем?
- Бовари ман ин аст, ки агар ба зудӣ дар шимоли Афғонистон “Толибон”* саркӯб нашаванд, аз ин минтақа як “Вазиристони дигар” (Вазиристон минтақае дар Покистон аст, ки пойгоҳҳои созмонҳои террористӣ дар он барои ҷанг дар Афғонистон мустақар шудаанд) ҷӯр мекунанд ва ба суръат нооромиҳоро дар Осиёи Марказӣ ва ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Русия, мисли Тотористон, Доғистон, Чеченистон ва ғайра густариш медиҳанд.
- Зоҳиран, “Толибон”* дар Афғонистон гир мондаанд. Чӣ аломатҳоро барои убури онҳо аз дарёи Ому мебинед?
- Аввалан, Амрико меравад, аммо 1,5 миллиард доллар барои тақвият дар ихтиёри Покистон қарор мегирад, ин ба чӣ маъност? Дуввум, мизони лашкаркашӣ аз мадрасаҳои Покистон ба Афғонистон афзоиш пайдо кардааст. Ин чӣ маъно дорад? Ҳамин ҳоло, бино ба иттилои мувассақ, мурдаҳои “Толибон”* беҳисоб аз Спинбулдаки Қандаҳор ба самти Покистон интиқол мешаванд. Кам касе огоҳ аст, ки дар Шимол бештар аз ҳама артиши Покистон ва муфризаҳои маҳалливу хориҷии онҳо дар набарданд. Инҳо чӣ мехоҳанд?
Кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) маҷбур ҳастанд, ки бисёр ба зудӣ аз худ дифоъ кунанд ва барои он ки нооромиҳо аз Афғонистон ба қаламрави эшон сироят накунад, маҷбуранд аз муқовимати мардуми Афғонистон ҳимоят намоянд. Аммо суол ин аст, ки кай ба ин ҳақиқат хоҳанд расид ва ин корро хоҳанд кард? Ин корро мекунанд, аммо вақташро намефаҳмем.
- Ҷӯр кардани Вазиристон дар Шимол чӣ қадар вақт мехоҳад?
- Агар монеа эҷод нашавад, хеле ба зудӣ эҷод мешавад. Сохтани камп (урдугоҳ) – ҳои шӯришгарӣ хеле осон ва арзон аст. Онҳо барои кутоҳмуддат таъминот кор доранд ва кадом тадриси печидае надоранд. Аз назари фикрӣ дар як давраи тӯлонӣ афрод дар мадориси Покистон мағзшӯӣ ва таҷҳизи фикрӣ мешаванд, аммо истифода аз силоҳу дигар абзори ҷанг, бакоргирии минаву хумпораҳо як вақти кам кор дорад. Он метавонад дар ҳар ҷое сурат гирад.
- Бубинед, дар қаламрави он сӯи Ому ду созмони хеле муассир аст: Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой. Оё онҳо қодир ба рафъи хатарот нестанд?
- Ҳамин тавр сода намешавад ташхис кард, ки як созмони бузурги низомиву сиёсӣ чӣ қадар муассир аст. Масалан, НАТО, ки ин ҷо омад, як номи калон буд, аммо муваффақ набуд. Амрико ҳам. Чигунагии коркард таъин мекунад, ки ин ташкилот ба чӣ қодир аст. То замоне, ки вориди амал нашавад, наметавон ташхис кард, ки ин созмонҳо муваффақ хоҳанд буд ё на.
- Дар ҳоли ҳозир, коркарди ин созмонҳо чӣ бошад, ки муассир бошад?
- Омадани асокири амрикоӣ ба Афғонистон як иштибоҳ буд. Амрикоиҳо ҳақ доштанд, ки аз “Толибон”* интиқом бигиранд, ба он хотир ки шаҳрвандонаш кушта шуда буданд. Муҷаввизи Шӯрои амнияти СММ – ро ҳам доштанд. Аммо тактикаеро, ки интихоб карданд, ғалат буд.
Онҳо метавонистанд бо тақвияти Ҷабҳаи муттаҳид ва давлати Устод Раббонӣ толибро бизананд. Вақте омаданд, ба унвони ишғолгар худашон ворид шуданд, мухолифини толиб дар минтақа ҳам ба дӯстонаш табдил ёфтанд. Вақте Амрико ин ҷо набуд, Эрон мухолифи толиб буд, ба ҳамин минвол, Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҳам толибро қабул надоштанд. Аммо вақте Амрико вориди Афғонистон шуд, “Толибон”*-ро аз инзивои сиёсӣ берун карданд ва онҳо ба ҳайси як қудрат дар минтақа эътироф шуданд. Ин як иштибоҳи бузург буд.
Амрико ба Афғонистон ба кадом як ҷазира наомад. Ин Филипин набуд. Худро дар миёни қудратҳои ҷаҳонӣ андохт. Ин роҳу кори осон набуд. Мо дар ҳамон оғоз, ҳанӯз амрикоиҳо наомада, маршал Муҳаммадқосим Фаҳимро барои мулоқот бо Томас Франкс, фармондеҳи ситоди марказии ИМА дар Душанбе фиристода будем. Ба онҳо гуфта будем, ки шумо аскаратонро равон накунед, мо худ тавони саркӯби толибро дорем, аммо имконот надорем.
- Шумо ҳамон мулоқотеро дар назар доред, ки ин ду дар майдони ҳавоии Душанбе доштанд? Баъдтар Франкс дар китобаш “Сарбози амрикоӣ” навишт, ки барои харҷи якмоҳаи ҷанг бо “Толибон”* ба Фаҳим 5 миллион доллар дода, масхара карда буд, ки нафаҳмиданд “оё мо аспи савдо кардем ё қолин харидем!”?
- Бале, мо ба онҳо гуфта будем, ки агар мо моҳона 2 лак (200 ҳазор) доллар пул дошта бошем, то ҷабҳаамонро нигоҳ кунем, “Толибон”*-ро мезанем. Аммо онҳо гапи моро наменависанд. Масхарабозӣ карданд ва нашармида аз ин қабил ҳарфҳо на фақат ин генерал, балки дигарҳояш низ навиштанд. Акнун кӣ ба ҳоли онҳо бихандад?
Ҳоло ҳам ҳарф ҳамин аст: ҳар касе мехоҳад бо аксар биёяд, беҳуда меояд ва иштибоҳ мекунад.
- Шумо роҳи корро дар чӣ мебинед?
- Роҳи осону арзон – кӯмак ба нерӯҳои муқовимат, давлати феълие, ки ҳаст. Толиб як нерӯи ватанӣ ё бумӣ нест. Як гуруҳи хориҷист. Мардум қабул надорад. На фақат ғайрипаштунҳо, балки аксари кулли паштунҳо низ.
- Ва фикр мекунед, касе сари ин гуна тарҳ, ки дар Афғонистони субот ояд, сармоягузорӣ намекунад?
- Бале, касе дар фикри мо нест. Ҳар ки кори худро мекунад, хуб масраф мекунад, боз аз шима ки рафт, меравад пушти кораш. Вақте аз пой афтид, ба ҳуш меояд, ки он вақт ҳеҷ коре аз дасташ шуданӣ нест. Шӯравӣ ҳам ин иштибоҳро кард, Амрико ҳам. Аввалиҳо сари коммунистҳо сармоягузорӣ карданд, дуввумиҳо сари демократҳои аз Ғарб омада. Ин ҳарду дар Афғонистон аслан заминаи мардумӣ надоранд.
Магар эрониҳо бисёр ҳушёранд. Тӯли таърих, бо он вуҷуд ки заминаҳои ишғол барояшон фароҳам аст, ҳеҷ гоҳ ин иштибоҳро накарданд. Ёдатон бошад, дар Мазори Шариф соли 1998 10 дипломату як рӯзноманигори эрониро “Толибон”* ба ҳалокат расонданд. Эрон ба хашм омад. 250 ҳазор нерӯ ба марзи Афғонистон овард. Аммо ҳамла накард. Ҳушёрона даст ба кор шуд. Чӣ кор кард? Аз тариқи Қирғизистону Тоҷикистон Ҷабҳаи Муттаҳид (Эътилофи Шимол) – ро кӯмак кард ва нагузошт, ки “Толибон”* пешравӣ кунанд.
- Аксарият бар инанд, ки ин толибҳо ба “ДОИШ” табдил мешаванд. Шумо чӣ мегӯед?
- Шумо ба ин фикред, ки “Толибон”*, “Ал-қоида”* ва “ДОИШ”* аз ҳам фарқ мекунанд? Иштибоҳ мекунед. Инҳо мисли ҳаминанд, ки мо забонамонро тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ мегӯем. Як чизанд ва аслан фарқе миёнашон нест. Амрикоиҳо барои он ки барои худашон як бинии хамирӣ ҷӯр кунад, гуфтанд, мо бо “ДОИШ”* душман ҳастем, бо толиб на. Бо якеаш музокира намекунем, бо дигаре қарордод мекунем. Инҳо ончунон дар ҳам танидаанд, ки пас аз ҳаводиси 11 сентябр Мулло Умар, роҳбари “Толибон”*, Афғонистонро аз даст дод, аммо Усомаро надод.
- Ҳоло дар майдони ҷанги Афғонистон чанд нерӯ арзи вуҷуд кард: “Толибон”*, “ДОИШ”*, ҳукумат ва муқовимати дуввум. Инҳоро кӣ мудирият хоҳад кард ё ҷангонд?
- Гуруҳҳои ифротиро, ҳар қадар ки ҳастанд, созмони истихборотии Покистон (ISI) мудирият мекунад ва меҷангонад. Барои ҳукумат то дирӯз таъйинкунанда Амрико буд, чун ҳам ҳузури низомиву сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву молӣ дошт. Акнун як давру як фазои нав дар таърих шакл мегирад. Рафтуомадҳое миёни Кобулу дигар кишварҳо ҷараён дорад. Он рӯз як ҳайати хоси Эрон, баъдтар Русия омада буданд. Халое, ки пас аз хуруҷи Амрикову НАТО ба вуҷуд омадааст, бояд пур шавад.
Имрӯз як хабар ёфтем, ки Туркия аз ҳукумати мо хостааст, на фақат майдони ҳавоии Кобул, балки тамоми майдонҳои ҳавоии Афғонистонро дар ихтиёраш гузоранд. Эрдуғон гуфт, ки агар ҳукумати Афғонистон хоҳад, мо дар тамоми вилоёт ҳузур пайдо мекунем.
Маънои ин чӣ? Покистон бо Чин мехоҳанд тавассути “Толибон”* ин халоро пур кунад. Туркия аз ин роҳ – тариқи майдонҳои ҳавоӣ. Ҳиндустон ва бархе дигар кишварҳо мехоҳанд давлати феълиро мустақар кунанд. Эҳтимолан Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ чизҳои дигаре дар зеҳн доранд.
- Русия чӣ кор хоҳад кард, ба фикри Шумо?
- Ростӣ, намефаҳмам, аммо аз нигоҳи ман, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд аз нерӯҳои муқовимат ҳимоят кунанд. Ҳатман ки аз ҷаҳолати “Толибон”* ҷонибдор нестанд ва дар ҳамсоягии худ як ҳукумати тундрави исломиро дидан намехоҳанд.
- Сарнавишти ҳукумати кунунӣ чӣ мешавад?
- Аз ин ҳукумат ва низом дифоъ мешавад. Фардҳо шояд тағйир ёбанд. Аммо аз низом, аз ҷумла мо – аҳли муқовимат алайҳи “Толибон”* ҳимоят мекунем. Мо аз Ашраф Ғанӣ розӣ нестем, раъй ҳам надодаем, аммо аз ин идора ё низоме, ки ба вуҷуд омадааст, ҳимоят мекунем. Сад дар сад. Урду ҳам шикаст хӯраду аз майдон равад, муқовимат бар ивазаш дар майдон истод хоҳад шуд.
- Лутфан, бигӯед, ки кадом муқовимат? Замоне Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва нерӯеро ба номи муқовимат раҳбарӣ мекард. Ҳоло ҳам тоҷикон нерӯи асосии муқовимат ҳастанд, аммо пароканда. Ин чӣ муқовимати бидуни раҳбар хоҳад буд?
- Муқовимат ҳаст, аммо бидуни раҳбарии ягона. Ин ягон фоҷиа нест. Муҳим будуни муқовимат аст, раҳбар худ ба майдон меояд. Ҳар касе, ки худро, арзандагиву шоистагии худро нишон дод, раҳбар хоҳад шуд. Масъудро касе интихоб накард. Худаш бо тавоноиаш худро собит кард.
Майдон барои Исмоилхон, Ато Муҳаммади Нур, Маршал Дӯстум, Салоҳуддин Раббонӣ, Қонунӣ, Бисмиллоҳхон, Аҳмад Масъуд, теъдоде ҳам аз паштунҳову ҳазораҳо ва ҳар каси дигар боз аст. Мо ба касе гуфта наметавонем, ки дастҳоятро банд, ки ин туро бубарад. Новобаста аз қавму ҳизбу забон ҳар касе, ки арзанда буд, мо аз ӯ дифоъ мекунем.
- Ин ҳама “тофтаҳои аз ҳам ҷудо афтода” будан нест? Бидуни фармондеҳии ягона чӣ тавр мешавад, муқовимат кард?
- На хайр. Дар масъалаи ҷанг ҳама ҳамоҳанг ҳастанд, ҳадаф мушаххас аст ва ҳеҷ мухолифат миёнашон нест. Ҳар кас дар қаламрави таҳти нуфузи худаш он ҷангеро мебарад, ки дигарон дар қаламрави худ мебаранд. Масалан, Исмоилхон дар Ҳирот меҷангад, Аҳмад Масъуд барои ӯ чӣ кор карда метавонад?
Ҳар яке пуштибонии тайёраҳои ҳукуматиро доранд ва дар канори ҳукумат меҷанганд. Худо нохоста, ҳукумат суқут кунад, пас аз он амалиётҳоро худи муқовимат танзим хоҳад кард. Писари Аҳмадшоҳи Масъуд нури чашми мост, аммо Афғонистон аз ӯ бештар нури чашми мост.
МАЪЛУМОТ: Абдулҳафиз Мансур сӣ сол таҷриба рӯзноманигори дорад. Баъд аз суқути "Толибон"* дар соли 2001 сарпараст (иҷрокунандаи вазифа) – и вазири иттилооту фарҳанг, мудири масъули ҳафтаномаи “Паёми муҷоҳид”, раиси агентии хабаргузории “Бохтар” ва раиси Радио ва телевизиони Афғонистон буд.
Ӯ дар давраи шонздаҳуми Маҷлиси намояндагон Афғонистон (2010 – 2019) аз Кобул намояндагӣ мекард.
Эзоҳ: ДИИШ*, Ал-қоида* ва Ҷунбиши ҳаракати Толибон* дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ мебошанд.