Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Бидуни марг: Вазорат омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в районе Рудаки, архивное фото
Люди в масках в районе Рудаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон давоми 24 соати гузашта ягон ҳолати марг аз вируси корона ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои ин ниҳод, тайи шабонарӯзи охир, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст, вале 41 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 26 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 17 июл дар кишвар 14078 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13685 нафар (97,2%) шифо ёфтаанд.
Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар дар замони пандемия ба 110 нафар мерасад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.
Священный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Шӯрои уламо ба калонсолону кудакон: аз идгардак худдорӣ кунед
Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони кишвар ваксин гирифтанд ва маъракаи эмгузаронӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0