https://sputnik.tj/20210717/shuro-ulamo-kalonsolon-kudakon-idgardak-huddori-1040965693.html
Шӯрои уламо ба калонсолону кудакон: аз идгардак худдорӣ кунед
Шӯрои уламо ба калонсолону кудакон: аз идгардак худдорӣ кунед
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои Тоҷикистон дар муроҷиатномае гуфтааст, бо назардошти вазъи эпидемиологӣ аз бузургону хурдсолони кишвар даъват кардааст, ки дар рӯзи Иди Қурбон аз идгардак худдорӣ кунанд
2021-07-17T23:44+0500
2021-07-17T23:44+0500
2021-07-18T17:17+0500
дар тоҷикистон
шӯрои уламои маркази исломии тоҷикистон
изҳорот
идгардак
пандемия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102267/94/1022679499_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_c7bb7bedce06e2f7f95dc04032467405.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Тибқи изҳороти Шӯрои уламо, одатан дар рӯзҳои ид мардум, хусусан кӯдакон ба идгардак мебароянд, ки дар чунин вазъ хатари сироятёбиро бештар мекунад.Гурӯҳи дигари талабагон ба хонаҳо омада, маҷбуран оят мехонанд. Ҳол он, ки худ саводи динӣ надоранд ва ҳатто сураи фотиҳаро ѓалат мехонанд, афзудааст Шӯрои уламо.Ба таъкиди ин ниҳод, кӯдакон бояд ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд, на ин ки дар кӯчаву хиёбонҳо беҳуда гаштугузор намоянд.“Мувофиқи таълимоти шариат риояи муқаррароти муроҷиатномаи Шўрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар шарт аст. Аз ин рў, тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кўдакон худдорӣ намоянд”, - таъкид кардааст манбаъ.Шӯрои уламо аз ҳамаи сокинон даъват кардааст, ки барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконатон ҳатман аз ваксинатсия гузаранд, зеро эмгузаронӣ (ваксинатсия) ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат аст.Ҳамзамон ин ниҳод аз кулли намозгузорон даъват кардааст, ки рӯзи ид ба намозгоҳ бо дастпӯшак ва ниқоб оянд.
https://sputnik.tj/20210717/tahdid-masjidband-talab-namozguzoron-id-qurbon-1040964459.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102267/94/1022679499_150:0:2817:2000_1920x0_80_0_0_ad12a27428219dc901548797aa7847ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шӯрои уламо, калонсолон, кудакон, идгардак, худдорӣ
шӯрои уламо, калонсолон, кудакон, идгардак, худдорӣ
Шӯрои уламо ба калонсолону кудакон: аз идгардак худдорӣ кунед
23:44 17.07.2021 (Навсозишуда: 17:17 18.07.2021) Шӯрои уламои Тоҷикистон дар муроҷиатномае бо назардошти вазъи эпидемиологӣ аз бузургону хурдсолони кишвар даъват кардааст, ки дар рӯзи Иди Қурбон аз идгардак худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Тибқи изҳороти Шӯрои уламо, одатан дар рӯзҳои ид мардум, хусусан кӯдакон ба идгардак мебароянд, ки дар чунин вазъ хатари сироятёбиро бештар мекунад.
“Аз хона ба хона, аз маҳалла ба маҳалла рафта, рўзи дароз дар назди дари мардум бо дасти дароз оворагардӣ мекунанд. Бояд донист, ки аз сабаби хона ба хона гаштани хурдсолон, дар рӯзи ид хатари сироятёбӣ ва сирояткунонии дигарон ба маротиб меафзояд”,- афзудааст манбаъ.
Гурӯҳи дигари талабагон ба хонаҳо омада, маҷбуран оят мехонанд. Ҳол он, ки худ саводи динӣ надоранд ва ҳатто сураи фотиҳаро ѓалат мехонанд, афзудааст Шӯрои уламо.
Ба таъкиди ин ниҳод, кӯдакон бояд ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд, на ин ки дар кӯчаву хиёбонҳо беҳуда гаштугузор намоянд.
“Мувофиқи таълимоти шариат риояи муқаррароти муроҷиатномаи Шўрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар шарт аст. Аз ин рў, тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кўдакон худдорӣ намоянд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Шӯрои уламо аз ҳамаи сокинон даъват кардааст, ки барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконатон ҳатман аз ваксинатсия гузаранд, зеро эмгузаронӣ (ваксинатсия) ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат аст.
Ҳамзамон ин ниҳод аз кулли намозгузорон даъват кардааст, ки рӯзи ид ба намозгоҳ бо дастпӯшак ва ниқоб оянд.