https://sputnik.tj/20210717/bozdosht-folbin-moil-koraftoda-hamhoba-1040964183.html
Бахткушоӣ мекарду тақдирро пешгӯӣ: боздошти фолбин барои моили мизоҷон ба ҳамхобагӣ- видео
Бахткушоӣ мекарду тақдирро пешгӯӣ: боздошти фолбин барои моили мизоҷон ба ҳамхобагӣ- видео
Sputnik Тоҷикистон
Фолбин баъзе аз корафтодагонро ба ҳамхобагӣ моил менамудааст
2021-07-17T19:37+0500
2021-07-17T19:37+0500
2021-07-17T19:41+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
конибодом
боздошт
фолбинӣ
кодекси ҷиноят
бадахлоқӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101371/76/1013717675_0:81:1747:1064_1920x0_80_0_0_ff8ea6cbd735e51e790e7701ed1e32c4.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Ҳомидов Бахтиёри 45 - сола, сокини шаҳри Конибодом хабар медиҳад, ки дар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта бо истифода аз ҳиссиёти динӣ муттаҳам мешавад.Ба гузориши Акбар Шариф сухангӯи Расёсати ин ниҳод дар Суғд, санҷиши ахбори оперативӣ тасдиқ намуд, ки Ҳомидов дар баробари ба сеҳру ҷоду ва дуохонӣ машғул шудан, ба амалҳои бадахлоқона даст мезадааст.Ба иттилои манбаъ, ӯ баъзе аз корафтодагонро ба ҳамхобагӣ моил менамудааст.Пешгӯии тақдир, бахткушоӣ, навиштани тумору таштоб, пешниҳоди ҳаргуна ашёҳои маишӣ гӯё тавассути дуо омоданамудааш дар ҳалли муаммои зиндагӣ мусоидаткунанда услуби хизматрасониҳоест,ки гумонбаршаванда мекардааст.Гуфта мешавад, Ҳомидов Бахтиёр ҳангоми амалҳои зиддиахлоқӣ нисбат ба як ҷавонзан аз минтақаи Суғд дар хонаи истиқоматияш боздошт мешавад.ВУД мегӯяд, ҳоло нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 142 иловаи яки кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.Назари бевоситаи Ҳомидов ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия ва иттиҳомот феълан дастрас нест.БАр асоси моддае, ки Ҳомидов дар он муттаҳм мешавад, қонуни кишвар маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20200811/hukmi-mulloi-jinbaror-elon-shud-ham-duo-mekhond-va-ham-mahsu-bakhtkusho-mekard-1031714932.html
конибодом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101371/76/1013717675_71:0:1650:1184_1920x0_80_0_0_1ac4b2d09ca3fb0d32b20c56bc2e481c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бахткушо, пешгӯӣ, боздошт, фолбин, ҳамхобагӣ
бахткушо, пешгӯӣ, боздошт, фолбин, ҳамхобагӣ
Бахткушоӣ мекарду тақдирро пешгӯӣ: боздошти фолбин барои моили мизоҷон ба ҳамхобагӣ- видео
19:37 17.07.2021 (Навсозишуда: 19:41 17.07.2021) Фолбин баъзе аз корафтодагонро ба ҳамхобагӣ моил менамудааст
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Ҳомидов Бахтиёри 45 - сола, сокини шаҳри Конибодом хабар медиҳад, ки дар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта бо истифода аз ҳиссиёти динӣ муттаҳам мешавад.
Ба гузориши Акбар Шариф сухангӯи Расёсати ин ниҳод дар Суғд, санҷиши ахбори оперативӣ тасдиқ намуд, ки Ҳомидов дар баробари ба сеҳру ҷоду ва дуохонӣ машғул шудан, ба амалҳои бадахлоқона даст мезадааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ баъзе аз корафтодагонро ба ҳамхобагӣ моил менамудааст.
Пешгӯии тақдир, бахткушоӣ, навиштани тумору таштоб, пешниҳоди ҳаргуна ашёҳои маишӣ гӯё тавассути дуо омоданамудааш дар ҳалли муаммои зиндагӣ мусоидаткунанда услуби хизматрасониҳоест,ки гумонбаршаванда мекардааст.
Гуфта мешавад, Ҳомидов Бахтиёр ҳангоми амалҳои зиддиахлоқӣ нисбат ба як ҷавонзан аз минтақаи Суғд дар хонаи истиқоматияш боздошт мешавад.
ВУД мегӯяд, ҳоло нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 142 иловаи яки кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Назари бевоситаи Ҳомидов ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия ва иттиҳомот феълан дастрас нест.
БАр асоси моддае, ки Ҳомидов дар он муттаҳм мешавад, қонуни кишвар маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ мекунад.