ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳукми Сочаев Ҷурабой Нарзуқулович, сокини шаҳри Ҳисорро, ки худро дар маҳалли зисташ муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандони зудбовар бар ивази маҳсу дуохонӣ, баровардани сеҳру ҷоду маблағҳои калон мегирифт, эълон намуд.
Зимнан, давоми чаҳор моҳ ҳафтае як ё ду маротиба ӯро ба манзили истиқоматии худ хонда бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ӯ нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом дод.
Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд "А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи қаблан муқаррарнамуда, танҳо 1600 сомонӣ гирифт.
Гузашта аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев муайян ва ошкор карда шуд.
Бар хабари манбаъ, Сочаев аз охирҳои моҳи январ то феврали соли ҷорӣ, амалҳои зишти худро нисбати 5 нафар шаҳрвандон анҷом дода,бо ин кирдорҳои худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
Гуфта мешавад, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор нисбати Сочаев ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.