https://sputnik.tj/20210716/vazir-puljamkuni-tamir-hudashon-1040928297.html
Вазир дар бораи пулҷамъкунӣ барои таъмир: “худашон мехоҳанд”
Вазир дар бораи пулҷамъкунӣ барои таъмир: “худашон мехоҳанд”
Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, низоми ҷамъ кардани пул барои таъмир дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҷой надорад
2021-07-16T12:45+0500
2021-07-16T12:45+0500
2021-07-16T12:45+0500
дар тоҷикистон
маориф
донишгоҳ
миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040927558_0:6:1281:726_1920x0_80_0_0_3eab0ad6ec1b9f1ca01834f7d9beec43.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иддао дар бораи ҷамъ кардани пул аз муҳассилин барои таъмири макотибро рад намуд.Ӯ афзуд, ки баъзан дар макотиби ҷумҳурӣ Асотсиатсияи падару модарон фаъолият доранд, ки онҳо худашон мехоҳанд, мактабашонро таъмир кунанд.Ба гуфтаи вазир, нисбати шикоятҳо дар мавриди ҷамъоварии пули таъмир, ки тариқи телефон ворид мегарданд, гуруҳи корӣ ташкил карда мешавад, месанҷанд ва чораандешӣ мекунанд.Муҳаммадюсуф Имомзода дар посух ба рӯзноманигорон, ки гуфтанд ахиран бархе донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ аз ҷамъоварии пул барои таъмир шикоят кардаанд, далели мушаххас хост. Агар далели мушаххасе бошад, пешниҳод кунед, ки масалан Алӣ Валиев, аз кадом курсу факултет шикоят дорад. Вазир афзуд, ки агар бидуни мисоли мушаххас бошад, масъулини муассисаи таълимӣ мегӯянд, ки ин туҳмат аст.Имомзода таъкид намуд, ки ДМТ ба таъмир ниёз надорад, чун биноҳояш нав мебошанд ва таъкид намуд, ки вазъи молиявии ин муассиса хуб асту тавони таъмиру сохтмонро дорад.
https://sputnik.tj/20201009/Mablaguzori-mushkil-mardum-kumak-kunad-sharhi-hukumat-dar-borai-maktabi-kuhna-video-1032054710.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040927558_36:0:1173:853_1920x0_80_0_0_eb1bf9dd7efade9928025cee4dbfc261.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мактаб, пул, таъмир, вазир, маориф, илм
мактаб, пул, таъмир, вазир, маориф, илм
Вазир дар бораи пулҷамъкунӣ барои таъмир: “худашон мехоҳанд”
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, низоми ҷамъ кардани пул барои таъмир дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҷой надорад
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иддао дар бораи ҷамъ кардани пул аз муҳассилин барои таъмири макотибро рад намуд.
Ӯ афзуд, ки баъзан дар макотиби ҷумҳурӣ Асотсиатсияи падару модарон фаъолият доранд, ки онҳо худашон мехоҳанд, мактабашонро таъмир кунанд.
Ба гуфтаи вазир, нисбати шикоятҳо дар мавриди ҷамъоварии пули таъмир, ки тариқи телефон ворид мегарданд, гуруҳи корӣ ташкил карда мешавад, месанҷанд ва чораандешӣ мекунанд.
Муҳаммадюсуф Имомзода дар посух ба рӯзноманигорон, ки гуфтанд ахиран бархе донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ аз ҷамъоварии пул барои таъмир шикоят кардаанд, далели мушаххас хост. Агар далели мушаххасе бошад, пешниҳод кунед, ки масалан Алӣ Валиев, аз кадом курсу факултет шикоят дорад. Вазир афзуд, ки агар бидуни мисоли мушаххас бошад, масъулини муассисаи таълимӣ мегӯянд, ки ин туҳмат аст.
Имомзода таъкид намуд, ки ДМТ ба таъмир ниёз надорад, чун биноҳояш нав мебошанд ва таъкид намуд, ки вазъи молиявии ин муассиса хуб асту тавони таъмиру сохтмонро дорад.