https://sputnik.tj/20210716/tojikiston-nom-nasab-ivaz-1040936733.html
Қариб 12 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ному насабашонро иваз карданд
Қариб 12 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ному насабашонро иваз карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати адлияи Тоҷикистон гузориш дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон раванди ивазкунии ному насаб дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфт
2021-07-16T15:22+0500
2021-07-16T15:22+0500
2021-07-16T15:23+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
иҷтимоъ
тағйирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102299/29/1022992960_0:0:2500:1407_1920x0_80_0_0_b1043aa76e2d1ce8fba327d95b3d2154.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон ҳолатҳои иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба 11 ҳазору 803 адад баробар шуд, хабар дод Вазорати адлия.Ба иттилои манбаъ, ин нишондод дар нимсолаи аввали соли 2020 ба 13 ҳазору 906 адад баробар будааст.Тағйири насаб дар байни сокинони Тоҷикистон сар аз соли 2007 замоне оғоз шуд, ки президенти кишвар нахустин шуда насаби худро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон тағйир дод.Бар асоси тағйирот ба қонунгузории Тоҷикистон, ки соли гузашта қабул гардида буд, дар насаби кӯдакони навзод ҳангоми додани шаҳодатнома ов, ова, ев, ева сабт карда намешаванд ва ба ҷойи он пасвандҳои "пур", "духт", пасвандҳои "ӣ", "зод", "зода", "он", "ён", "иён", "ёр", "ниёр", "фар" истифода мешаванд.Ҳамчунин ахиран ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” тағйирот ворид гардид, ки тибқи он ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва ё номи падар дар муддати на дертар аз як моҳ аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда мешавад. Ҳамзамон зикр шудааст, ки дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок муҳлати баррасӣ намудани ариза понздаҳ рӯз дароз карда мешавад.Ба иттилои Вазорати адлия, ҳолатҳои иваз кардани ному насаб дар Тоҷикистон соли 2015 тақрибан 26 ҳазор, 2016 - 29 ҳазор, соли 2017 - 26 ҳазор, соли 2018 - 38 ҳазор ва соли 2019 бошад 40,5 ҳазор ададро ташкил дод.Ин дар ҳолест, ки тағйири ному насаб барои бархе, ки дар Русия мамнӯъ - ул - вуруд шудаанд, имкони сафари дигарбора ба муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20210712/afzoish-izdivoj-taloq-tavallud-tojikiston-1040822110.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102299/29/1022992960_251:0:2474:1667_1920x0_80_0_0_e190dceecab2de5d9e76dd96c9043472.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, адлия, вазорат, тағйири ном
тоҷикистон, адлия, вазорат, тағйири ном
Қариб 12 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ному насабашонро иваз карданд
15:22 16.07.2021 (Навсозишуда: 15:23 16.07.2021) Вазорати адлияи Тоҷикистон гузориш дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон раванди ивазкунии ному насаб дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон ҳолатҳои иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба 11 ҳазору 803 адад баробар шуд, хабар дод Вазорати адлия.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондод дар нимсолаи аввали соли 2020 ба 13 ҳазору 906 адад баробар будааст.
Тағйири насаб дар байни сокинони Тоҷикистон сар аз соли 2007 замоне оғоз шуд, ки президенти кишвар нахустин шуда насаби худро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон тағйир дод.
Бар асоси тағйирот ба қонунгузории Тоҷикистон, ки соли гузашта қабул гардида буд, дар насаби кӯдакони навзод ҳангоми додани шаҳодатнома ов, ова, ев, ева сабт карда намешаванд ва ба ҷойи он пасвандҳои "пур", "духт", пасвандҳои "ӣ", "зод", "зода", "он", "ён", "иён", "ёр", "ниёр", "фар" истифода мешаванд.
Ҳамчунин ахиран ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” тағйирот ворид гардид, ки тибқи он ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва ё номи падар дар муддати на дертар аз як моҳ аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда мешавад. Ҳамзамон зикр шудааст, ки дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок муҳлати баррасӣ намудани ариза понздаҳ рӯз дароз карда мешавад.
Ба иттилои Вазорати адлия, ҳолатҳои иваз кардани ному насаб дар Тоҷикистон соли 2015 тақрибан 26 ҳазор, 2016 - 29 ҳазор, соли 2017 - 26 ҳазор, соли 2018 - 38 ҳазор ва соли 2019 бошад 40,5 ҳазор ададро ташкил дод.
Ин дар ҳолест, ки тағйири ному насаб барои бархе, ки дар Русия мамнӯъ - ул - вуруд шудаанд, имкони сафари дигарбора ба муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ мешавад.