https://sputnik.tj/20210716/reydhoi-buzurg-muhojiron-maskav-1040939477.html
Пас аз қазияи Кузминки 900 кас ба пулис афтод: рейдҳои бузург байни муҳоҷирон дар Маскав
Пас аз қазияи Кузминки 900 кас ба пулис афтод: рейдҳои бузург байни муҳоҷирон дар Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Дар паи занозании оммавӣ, ки дар метрои Кузминки рух дод, 102 нафар, аз ҷумла 71 қирғиз боздошт шуданд
2021-07-16T16:30+0500
2021-07-16T16:30+0500
2021-08-10T14:40+0500
муҳоҷират
маскав
пулис
рейд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102490/85/1024908546_0:0:1241:698_1920x0_80_0_0_1215917a7e4478fed84b615cd0a875d7.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар Маскав рейдҳо мегузаронанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хотиррасон мекунад, ки аз рӯи далели занозании оммавӣ, дар метрои Кузминки, 102 нафар, аз ҷумла 71 қирғиз боздошт шуданд. Додгоҳҳо 102 маводро баррасӣ карда ва 15 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ намуд.Мақомоти Маскав ин таниши миёни муҳоҷиррон ҳамчун ҳолати фавқулодда арзёбӣ кард. Занозании муҳоҷирон дар КузминкиМуноқиша шоми 12 июл рух дод. Сипас ба ҳар кадоме аз тарафҳои даргир ошноҳову дӯстон ҳамроҳ шуданд.Занозании тоҷикону қирғизҳо дар Маскав: 100 муҳоҷир боздошт шуду шаш касро ҳабс кардандБаъзе аз қурбониёни муноқишаро рӯи кати мошинҳои ёрии таъҷилӣ бурданд.Тибқи гузориши РЕН ТВ, муноқиша дар Кузминки, ки ба задухӯрди оммавӣ мубаддал шуд, байни муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон рух додааст. Вале, мақомот аз ҳузури зодагони Туркманистон ва Ӯзбекистон низ хабар дод.Ин муборизаи хунин замина доштааст. 11 июл дар Химки ду зодаи Қирғизистон бо корд захмӣ шудаанд ва рафиқони онҳо тасмим гирифтаанд, ки қасос гиранд ва соати 19:00 дар Кузминки як "стрелка" таъин кардаанд.Баъди занозании тоҷикону қирғизҳо: 15 июл "суҳбати мардона" таъйин шудДар вақти муайяншуда ҳеҷ гуна задухӯрд сурат нагирифтааст, аммо муҳоҷирони ғаразнок дар минотиқи наздик боздошт шуданд.Тақрибан нисфи шаб дар истгоҳи метрои Кузминки занозании оммавӣ оғоз ёфтааст.
https://sputnik.tj/20210715/mufti-zanozani-kuzminki-rusiya-1040907001.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102490/85/1024908546_154:0:1085:698_1920x0_80_0_0_4abb05d95068d273fda53c0464f60708.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, пулис, задухӯрд,
Пас аз қазияи Кузминки 900 кас ба пулис афтод: рейдҳои бузург байни муҳоҷирон дар Маскав
16:30 16.07.2021 (Навсозишуда: 14:40 10.08.2021) Дар паи занозании оммавӣ, ки дар метрои Кузминки рух дод, 102 нафар, аз ҷумла 71 қирғиз боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар Маскав рейдҳо мегузаронанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хотиррасон мекунад, ки аз рӯи далели занозании оммавӣ, дар метрои Кузминки, 102 нафар, аз ҷумла 71 қирғиз боздошт шуданд.
Додгоҳҳо 102 маводро баррасӣ карда ва 15 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ намуд.
Мақомоти Маскав ин таниши миёни муҳоҷиррон ҳамчун ҳолати фавқулодда арзёбӣ кард.
"Дар ҳоли ҳозир, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Маскав барои санҷиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон бо интиқоли онҳо ба шӯъбаҳои ҳудудии пулис барои муайян кардани шахсияташон, рейдҳо мегузаронанд. Инчунин бо муҳоҷирон барои пешгирии муноқишаҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Аллакай беш аз 900 муҳоҷир ба мақомоти пулис оварда шудааст ", - омадааст дар хабарнома.
Занозании муҳоҷирон дар Кузминки
Муноқиша шоми 12 июл рух дод. Сипас ба ҳар кадоме аз тарафҳои даргир ошноҳову дӯстон ҳамроҳ шуданд.
Баъзе аз қурбониёни муноқишаро рӯи кати мошинҳои ёрии таъҷилӣ бурданд.
Тибқи гузориши РЕН ТВ, муноқиша дар Кузминки, ки ба задухӯрди оммавӣ мубаддал шуд, байни муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон рух додааст. Вале, мақомот аз ҳузури зодагони Туркманистон ва Ӯзбекистон низ хабар дод.
Ин муборизаи хунин замина доштааст. 11 июл дар Химки ду зодаи Қирғизистон бо корд захмӣ шудаанд ва рафиқони онҳо тасмим гирифтаанд, ки қасос гиранд ва соати 19:00 дар Кузминки як "стрелка" таъин кардаанд.
Дар вақти муайяншуда ҳеҷ гуна задухӯрд сурат нагирифтааст, аммо муҳоҷирони ғаразнок дар минотиқи наздик боздошт шуданд.
Тақрибан нисфи шаб дар истгоҳи метрои Кузминки занозании оммавӣ оғоз ёфтааст.