Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Навбат барои сӯзандору: чигуна дар Душанбе ваксин мегузаронанд - навор

Обуна шудан
Дар Душанбе ваксинаи ҳатмии коронавирус идома дорад. Одамон барои эмгузаронӣ бо AstraZeneca ва CoronaVac навбат мепоянд
Маъракаи эмгузаронӣ алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон дар авҷ аст.
Нуқтаҳои эмгузаронӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар Душанбе фаъолият мекунанд.
Барои муҳофизат кардани худ ва наздиконашон аз сирояти хатарнок сокинони пойтахт дар навбат меистанд ва интизори қабули духтур мебошанд.
Пизишк: ваксина одамро ба "супер-интиқолдиҳанда" -и коронавирус табдил медиҳад
Пеш аз тазриқ, табибон беморонро муоина мекунанд ва дар бораи бемориҳои мавҷуда маълумот мегиранд.
Эмгузаронӣ дар Душанбе бо ду дору - истеҳсоли Ҳиндустон AstraZeneca ва чинии CoronaVac сурат мегирад.
Дар доираи маъракаи эмгузаронии ҳатмӣ барои шахсони аз 18-сола боло, мақомот ният доранд, ки 6 миллион нафарро эм кунанд.
То ба ҳол, беш аз 360 ҳазор шаҳрванд эмгузаронӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0