Муроҷиати сафорат дар Олмон: агар аз бедаракшавии тоҷикистоние хабар доред, тамос гиред

© AFP 2023 / Christof StacheПара обнимаются, стоя среди обломков, в городе Бад-Нойенар-Арвайлер, Германия
Пара обнимаются, стоя среди обломков, в городе Бад-Нойенар-Арвайлер, Германия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обуна шудан
Cафорати Тоҷикистон дар Олмон дар пайи обхезиҳои ахири маргбор як муроҷиатнома ба ҳамватанон нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Сафорат аз тоҷикистониҳои муқими Олмон хостааст, агар дар бораи нопадид шудани атбои тоҷик дар маҳалли офати табиӣ иттилое доранд, онро ироа созанд.

“Аз шаҳрвандон хоҳиш мегардад, ки дар сурати мавҷуд будани иттилоъ нисбати бедарак шудани шаҳрвандони тоҷик дар мавзеҳои офатҳои табиӣ бо консулгарии Тоҷикистон дар Берлин - телефон - 030 34 79 300 ва суроғаи электронӣ - info(at)botschaft-tadschikistan.de тамос гиранд”, - омадааст дар муроҷиатнома.

Таъкид шудааст, ки бар асари боришоти сахти ҳафтаи ҷорӣ дар музофотҳои ғарбии Олмон обхезӣ ва селҳ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа наздики то 100 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 1300 нафар беному нишон мебошанд.
Площадь после наводнения в Эрфтштадт-Блессеме, Германия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обхезии пурқурбонӣ дар Олмон: 14 акси изтиробовар аз ҷои ҳодиса
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ҷумҳурии федаралии Олмон, Франк-Валтер Штайнмайер барқияи таслият ирсол намуда, ба мардуми Олмон ҳамдардӣ баён кардааст.
“Ба наздикону пайвандони қурбоншудагон тасаллиёти самимии хешро изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва ба ҳамаи осебдидагон аз офати табиӣ шифои комил хоҳонам”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0