Раҳмон отрядҳои марзии Хатлонро ба омодагии ҷангӣ даъват кард

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обуна шудан
Бо занги ҳушдор, ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи минтақаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба фурудгоҳи вилояти Хатлон ҷамъ оварда шуд
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон нишаст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Тибқи ишораи бонги хатар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии ин минтақа, ки шумораи онҳо беш аз ду ҳазор нафар буд, дар майдони фурудгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҳозиразамон саф оростанд.
Раҳмон бо назардошти вазъи душвори минтақа бар асари муноқишаҳои сиёсӣ дар Афғонистон ба низомиён муроҷиат карда, даъват кард, ки "тайёрии ҳамаҷонибаи кадрҳо, сафарбарӣ ва фармондеҳӣ ва назорати нерӯҳо, ҷалби захираҳо аҳамият дода шавад".
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Сафари Раҳмон ба ноҳияҳои марзӣ бо Афғонистон ва шиносоӣ ба омодагии ҷангии марзбонон
Президент зарурати омодагии доимии ҳама намудҳои силоҳ ва муҳимот ва техникаи ҳарбиро таъкид кард.
Ёдовар мешавем ҳоло барои барои ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъиноти махсус, эскадриляи алоҳидаи ҳавопаймоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 35 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ амал мекунад.
Ғайр аз ин Донишкадаи олии сарҳадӣ, Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо номи “Ворисони Куруши Кабир”, 4 маркази таълимӣ, ба тарбияи кадрҳои касбии ҳарбӣ машғуланд.
Дар саросари кишвар 3 беморхонаи ҳарбӣ, 5 қисми низомӣ дар соҳаи таъминоти техникӣ мавҷуданд ва 187 иншооти ёрирасон сохта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0