https://sputnik.tj/20210716/libospushi-merkel-tolor-khandonid-1040947430.html
Пӯшониду кашонид: либоспӯшии Меркел назди як толор одам ҳамаро хандонид
Пӯшониду кашонид: либоспӯшии Меркел назди як толор одам ҳамаро хандонид
Sputnik Тоҷикистон
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори маросими ботантана бо иштироки садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс нашр гардид
2021-07-16T18:49+0500
2021-07-16T18:49+0500
2021-07-16T18:50+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
ангела меркел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039856465_0:0:3205:1804_1920x0_80_0_0_4d532fa7da7bad87b05de1a3b338984d.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар Вашингтон дар Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс маросими супоридани ҷоизаи доктори фахрӣ ба садри аъзами Олмон Ангела Меркел баргузор гардид.Дар рафти ин маросим ба Мрекел либос низ пӯшониданд, ки боиси хандаи садҳо донишҷӯёну устодоне, ки дар толор менишастанд, гардид.Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ "машҳур" гашт.Дар навор дида мешавад, ки чигуна ба Меркел "капюшон" ҳадя мекунанд. Ӯ бо хурсандӣ тӯҳфаи фахриро қабул мекунад ва мехоҳад онро пӯшад, вале... Меркел авал кӯшиш мекунад, ки сарпӯшро чаппагардон кунад - наметавонад, сипас кӯшиши пӯшидан мекунад - боз наметавонад.Ба кӯмаки садри аъзам як намояндаи донишгоҳ мешитобад, ӯ низ нахуст либосро нодуруст мепӯшонад ва сипас онро кашида, аз нав дар китфи Меркел ҷой медиҳад.Ин қазия боиси хандаи як толор тамошобинон мегардад. Меркел баъди баланд шудани садои ханда дар толор лабханд базавқ табассум мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039856465_373:0:3052:2009_1920x0_80_0_0_6993f31f45b50f7095706fa931a19888.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
либос
Пӯшониду кашонид: либоспӯшии Меркел назди як толор одам ҳамаро хандонид
18:49 16.07.2021 (Навсозишуда: 18:50 16.07.2021) Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори маросими ботантана бо иштироки садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс нашр гардид
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар Вашингтон дар Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс маросими супоридани ҷоизаи доктори фахрӣ ба садри аъзами Олмон Ангела Меркел баргузор гардид.
Дар рафти ин маросим ба Мрекел либос низ пӯшониданд, ки боиси хандаи садҳо донишҷӯёну устодоне, ки дар толор менишастанд, гардид.
Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ "машҳур" гашт.
Дар навор дида мешавад, ки чигуна ба Меркел "капюшон" ҳадя мекунанд. Ӯ бо хурсандӣ тӯҳфаи фахриро қабул мекунад ва мехоҳад онро пӯшад, вале...
Меркел авал кӯшиш мекунад, ки сарпӯшро чаппагардон кунад - наметавонад, сипас кӯшиши пӯшидан мекунад - боз наметавонад.
Ба кӯмаки садри аъзам як намояндаи донишгоҳ мешитобад, ӯ низ нахуст либосро нодуруст мепӯшонад ва сипас онро кашида, аз нав дар китфи Меркел ҷой медиҳад.
Ин қазия боиси хандаи як толор тамошобинон мегардад. Меркел баъди баланд шудани садои ханда дар толор лабханд базавқ табассум мекунад.