Шахсан рафтам: Имомзода гуфт, чанд мактаб дар Рашт аз заминларза хароб шуд

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевМинистр образования и науки Мухаммадюсуф Имомзода
Министр образования и науки Мухаммадюсуф Имомзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обуна шудан
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, то моҳи сентябр мактабҳои ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод пурра таъмир карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти хабарӣ гуфт, дар паи заминларзаҳо дар навоҳии Рашт ва Тоҷикобод 4 мактаб валангор шуд, ки бояд аз сар сохта шавад.
Вазир гуфт, шахсан рӯзи чоршанбе аз ҷои ҳодиса дидан кард.

"Мо бо кормандони соҳаи маориф мулоқот кардем аз ҷои ҳодиса дидан намудем. Албатта дар кутоҳтарин фурсат мактабҳоро месозем", - гуфт вазир маориф.

Ҳамчунин Имомзода афзуд, ки дар ин минтақа 4 мактаби дигар ба таъмир ниёз дорад, ки то моҳи сентябр бояд корҳо анҷом дода шавад.
Вазир гуфт, мушкили хонандагоне, ки мактабҳояшон валангор шудаву таъмирталаб аст, ин аст, ки онҳо наметавонанд ба мактабҳои деҳаи ҳамсоя раванд.
Последствия смертоносного землетрясения в Таджикистане
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Гиряи модар баро писари аз даст додааш: ҳикояти наҷотёфтагон аз заминларза - видео
Барои ҳамин ба гуфти вазир, дар воқеъ ин мардум ниёз ба кумак доранд ва ҳукумат дар ин самт, таҳти раҳбарии сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода комиссияи вижа ташкил кардааст, ки ҳамаи корҳои бартарафкунии оқибати ин офати табиӣ дар доираи он бартараф карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти рӯзи 10 июл, Тоҷикистонро заминҷунбии 5.9 балла ларзонд, ки дар натиҷа 5 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак ҷон бохтанд ва 16 каси дигар бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҳамзамон ин офати табиӣ садҳо сокинони Рашту Тоҷикободро бехонаву дар гузошт.
Лентаи хабарҳо
0