Генерал Гулмаҳмадзода: нисбати 7 корманди милиса барои порагирӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обуна шудан
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар додааст, ки нисбати 7 корманди милитси дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо гумони ришваситонӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Генерал Ҷамшед Гулмаҳмадзода, сардори шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия имрӯз зимни нишастӣ матбуотӣ хабар додааст, ки дар давоми шаш моҳи соли равон панҷ корманди милисаи минтақаи Кӯлоб барои содир намудани ҷиноятҳои молиявӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Генерал таъкид дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нисбати кормандони милитсия барои содир намудани ҷиноятҳои молиявӣ 7 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ҷамшед Гулмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ аз сарваколатдори гурӯҳи махсус дар РКД Кӯлоб Зафар Икромов ёдрас шуд, ки нисбати ӯ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Взятка медику, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Дар Хатлон масъалаи коррупсия миёни пизишкон баррасӣ шуд
Генерали тоҷик зикр кард, ки Икромов ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 51 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст.
Ҳамзамон номбурда илова кард, ки нисбати корманди фаврии ШКД ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Умед Ҳомидов барои гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва муфаттиши ШКД ноҳияи Фархор Нуриддин Неъматов низ барои порагирӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст.
“Нисбат ба Ҷумъахон Сафаров, корманди мизи шиносномадиҳии ШКД ноҳияи Муъминобод ва Малик Ҳамидов, корманди мизи шиносномадиҳии Кӯлоб барои камомади молиявӣ парвандаҳо боз шуданд”, - Гуфт Глмаҳмадзода.
Лентаи хабарҳо
0