https://sputnik.tj/20210716/dastgir-shudani-qarzdore-tojikiston-firor-1040945882.html
Дастгир шудани 11 қарздоре, ки мехостанд аз Тоҷикистон фирор кунанд
Дастгир шудани 11 қарздоре, ки мехостанд аз Тоҷикистон фирор кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар умум нисбати 1167 нафар қарздор маҳдудият гузошта шудааст, ки наметавонанд сарҳадро убур кунанд
2021-07-16T18:08+0500
2021-07-16T18:08+0500
2021-07-21T19:10+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
марз
қарздиҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/04/1028320497_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_ad8249a0db57c5a1fb9a881741f76951.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Ёздаҳ қарздор дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардида, маблағҳои қарзӣ аз онҳо ситонида шуд, хабар дод зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфҷон Юсуфзода.Ба иттилои мудири бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамоти иҷро Назирҷон Насимӣ дар Тоҷикикистон низоми “Идоракунии раводид ва сарҳад” фаъол аст.Тибқи ин низом дар умум нисбат ба 1167 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст. Онҳо наметавонанд аз марзи Тоҷикистон берун раванд.Дар ҳамин ҳол, 9 нафар кӯшиши гурехтан ба кишварҳои хориҷро кардаанд."11 нафар қарздорон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир шуда, маблағҳои қарзӣ аз онҳо ситонида шудаанд", - иттилоъ дод манбаъ.Ёдовар мешавем, ки дар ин давра иҷрочиёни мақомоти иҷро нисбат ба 247 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон ҷиҳати эълон намудани кофтуков ба судҳо пешниҳод ирсол намудаанд, ки нисбат ба 181 нафари онҳо кофтуков эълон гардида, 66 пешниҳод дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.
https://sputnik.tj/20210701/tafsilot-kushtor-izatullo-bozori-sahovat-1040565292.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/04/1028320497_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_c5bffa64566cab9663ac506fa5b4b022.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарз
Дастгир шудани 11 қарздоре, ки мехостанд аз Тоҷикистон фирор кунанд
18:08 16.07.2021 (Навсозишуда: 19:10 21.07.2021) Дар умум нисбати 1167 нафар қарздор маҳдудият гузошта шудааст, ки наметавонанд сарҳадро убур кунанд
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Ёздаҳ қарздор дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардида, маблағҳои қарзӣ аз онҳо ситонида шуд, хабар дод зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфҷон Юсуфзода.
Ба иттилои мудири бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамоти иҷро Назирҷон Насимӣ дар Тоҷикикистон низоми “Идоракунии раводид ва сарҳад” фаъол аст.
Тибқи ин низом дар умум нисбат ба 1167 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст. Онҳо наметавонанд аз марзи Тоҷикистон берун раванд.
Дар ҳамин ҳол, 9 нафар кӯшиши гурехтан ба кишварҳои хориҷро кардаанд.
"11 нафар қарздорон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир шуда, маблағҳои қарзӣ аз онҳо ситонида шудаанд", - иттилоъ дод манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки дар ин давра иҷрочиёни мақомоти иҷро нисбат ба 247 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон ҷиҳати эълон намудани кофтуков ба судҳо пешниҳод ирсол намудаанд, ки нисбат ба 181 нафари онҳо кофтуков эълон гардида, 66 пешниҳод дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.