https://sputnik.tj/20210716/betarbiyagi-mansabdoron-vazir-guft-kani-mulloho-1040931648.html
“Бетарбиягии мансабдорон”: Вазир гуфт, канӣ муллоҳоро чунин гӯед
“Бетарбиягии мансабдорон”: Вазир гуфт, канӣ муллоҳоро чунин гӯед
Sputnik Тоҷикистон
Дар нишасти матбуотии Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон масъалаи тарбияи мансабдорони воломақоми бахши маорифи ҷумҳурӣ ба миён гузошт
2021-07-16T13:59+0500
2021-07-16T13:59+0500
2021-07-16T15:44+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101453/75/1014537583_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_bc2a803c5fff9043f2ed83e3f508341b.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Аз Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон дар бораи тарбияи роҳбарони воломақоми соҳа пурсиданд, ки баъзан ба густохӣ даст мезананд.Дар нишасти матбуотӣ аз мудири мактаб мисол оварда шуд, ки зимни имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ дар хитоб ба як модар гуфтааст, ки “пеш аз таваллуд фикр накардед, ки чӣ гуна онҳоро ба по мехезонед”. Чунин рафтор аз ҷониби суолгузоранда густохӣ арзёбӣ шуд.Имомзода дар посух изҳор дошт, ки агар дар куҷое як муаллими касал чизеро гуфтаст, тамоми низомро гунаҳкор кардан лозим нест.Муҳаммадюсуф Имомзода дар вокуниш ба ин масъалагузорӣ, аз рӯзноманигорон хост, вақти суол додан ҳурмати омӯзгор ва соҳаро нигоҳ доранд.Вазири маориф тавзеҳ надод, ки кадом муллоҳо ва кадом корашонро дар назар дорад, аммо солҳои охир тариқи расонаҳои давлатӣ дар бораи фасодкорию шаҳватбозии бархе афрод гузориш дода мешавад, ки миёни мардум худро "мулло" мегуфтаанд. Имомзода гуфт, бояд масъалагузорӣ мушаххас бошад, ки фалон шахс гунаҳкор ва чунин суолгузорӣ қабул асту бояд тибқи қонун ҷавоб гӯяд.Ӯ дар маҷмуъ ба рӯзноманигорон изҳори миннатдорӣ кард, ки аз онҳо андешаю иттилоот мегирад, чун зиёд миёни мардуманд дар маҳалҳо ва чизеро мешунаванду мебинанд, ки баъзан мақомдорон намедонанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101453/75/1014537583_218:0:1455:928_1920x0_80_0_0_9fc7031e0f47104133c930eab0e3b775.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, посух, тарбия, маориф, тоҷикистон
вазир, посух, тарбия, маориф, тоҷикистон
“Бетарбиягии мансабдорон”: Вазир гуфт, канӣ муллоҳоро чунин гӯед
13:59 16.07.2021 (Навсозишуда: 15:44 16.07.2021) Дар нишасти матбуотии Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон масъалаи тарбияи мансабдорони воломақоми бахши маорифи ҷумҳурӣ ба миён гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Аз Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон дар бораи тарбияи роҳбарони воломақоми соҳа пурсиданд, ки баъзан ба густохӣ даст мезананд.
Дар нишасти матбуотӣ аз мудири мактаб мисол оварда шуд, ки зимни имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ дар хитоб ба як модар гуфтааст, ки “пеш аз таваллуд фикр накардед, ки чӣ гуна онҳоро ба по мехезонед”. Чунин рафтор аз ҷониби суолгузоранда густохӣ арзёбӣ шуд.
Имомзода дар посух изҳор дошт, ки агар дар куҷое як муаллими касал чизеро гуфтаст, тамоми низомро гунаҳкор кардан лозим нест.
“Вақте дар роҳ як мошин садама мекунаду нафаре ҷон медиҳад, мо ҳуқуқ надорем, ҳамаи ронандаҳоро гунаҳкор кунем. Ронандаи мушаххас гунаҳкору муҷозот мешавад”, - ташбеҳ дод вазир.
Муҳаммадюсуф Имомзода дар вокуниш ба ин масъалагузорӣ, аз рӯзноманигорон хост, вақти суол додан ҳурмати омӯзгор ва соҳаро нигоҳ доранд.
“Мактаб ҷои муқаддас аст. Ин қадар мулло вай аст, канӣ як муллоро савол диҳед ҳамин хел. Ягонтаатон ягон имомхатибро ҳамин хел суолҳо намедиҳед”, - боз ташбеҳ дод вазир.
Вазири маориф тавзеҳ надод, ки кадом муллоҳо ва кадом корашонро дар назар дорад, аммо солҳои охир тариқи расонаҳои давлатӣ дар бораи фасодкорию шаҳватбозии бархе афрод гузориш дода мешавад, ки миёни мардум худро "мулло" мегуфтаанд.
Имомзода гуфт, бояд масъалагузорӣ мушаххас бошад, ки фалон шахс гунаҳкор ва чунин суолгузорӣ қабул асту бояд тибқи қонун ҷавоб гӯяд.
Ӯ дар маҷмуъ ба рӯзноманигорон изҳори миннатдорӣ кард, ки аз онҳо андешаю иттилоот мегирад, чун зиёд миёни мардуманд дар маҳалҳо ва чизеро мешунаванду мебинанд, ки баъзан мақомдорон намедонанд.