https://sputnik.tj/20210714/vazir-muovinonash-nazdi-covid-19-raft-1040873924.html
Пас аз гилаи Марям Исоева: вазир бо муовинонаш назди беморони COVID - 19 рафт
Пас аз гилаи Марям Исоева: вазир бо муовинонаш назди беморони COVID - 19 рафт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз беморхонаҳои ковидӣ дидан карда бо хешу ақрабои беморон суҳбат кардааст ва ба масъулин супоришҳо додааст
2021-07-14T10:44+0500
2021-07-14T10:44+0500
2021-07-14T10:44+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
супориш
вазорати тандурустии ҷт
ҷамолиддин абдуллозода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0a/1032428834_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_012f7d1ce318ec1c8277ea1927126827.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир - Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед ва Абдухолиқ Амирзода аз як қатор беморхонаҳои пойтахт дидан карда, бо вазъи саломатии гирифторони COVID-19 аз наздик шинос шудаанд.Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, Абдуллозода ва Амирзода аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов-и шаҳри Душанбе дидан намудаанд.Ҳамчунин Муҳсинзода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе боздид кардаанд.Дар ин росто, роҳбарияти вазорат ба масъулини беморхонаҳои мазкур ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти коронавирус дастуру супоришҳои мушаххас додааст.Манбаъ афзуда, ки вазир бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхона қарор доштанд, суҳбат карда, гуфтааст, ки Ҳукумат баҳри табобати гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Исоева, ки бо нишонаҳои коронавирус дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ бистарӣ аст, аз камтаваҷҷӯҳии пизишкон гила карда буду аз давлат парастор хост ва гуфта буд, ки ин бетаваҷҷӯҳӣ ӯро мекушад.Вале, наздикони Марям Исоева, изҳор медоранд, ки ҳам худ ва ҳам табибон пайваста дар канори беморанд.
https://sputnik.tj/20210714/pizishk-rus-tabobat-covid-dushanbe-1040873511.html
https://sputnik.tj/20210710/suhbati-maryam-isoeva-bemorhona-siroyati-nazdikon-kanor-1040791106.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0a/1032428834_0:0:1000:751_1920x0_80_0_0_93129f14f45b844c8c647465cdd67bba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
абдуллозода, тоҷикистон, коронавирус, боздид
абдуллозода, тоҷикистон, коронавирус, боздид
Пас аз гилаи Марям Исоева: вазир бо муовинонаш назди беморони COVID - 19 рафт
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз беморхонаҳои ковидӣ дидан карда бо хешу ақрабои беморон суҳбат кардааст ва ба масъулин супоришҳо додааст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир - Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед ва Абдухолиқ Амирзода аз як қатор беморхонаҳои пойтахт дидан карда, бо вазъи саломатии гирифторони COVID-19 аз наздик шинос шудаанд.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, Абдуллозода ва Амирзода аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов-и шаҳри Душанбе дидан намудаанд.
Ҳамчунин Муҳсинзода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе боздид кардаанд.
"Дар натиҷаи ин боздид маълум гардид, ки дар муассисаҳои мазкур дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд", - омадааст дар хабарнома.
Дар ин росто, роҳбарияти вазорат ба масъулини беморхонаҳои мазкур ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти коронавирус дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Манбаъ афзуда, ки вазир бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхона қарор доштанд, суҳбат карда, гуфтааст, ки Ҳукумат баҳри табобати гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Исоева, ки бо нишонаҳои коронавирус дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ бистарӣ аст, аз камтаваҷҷӯҳии пизишкон гила карда буду аз давлат парастор хост ва гуфта буд, ки ин бетаваҷҷӯҳӣ ӯро мекушад.
Вале, наздикони Марям Исоева, изҳор медоранд, ки ҳам худ ва ҳам табибон пайваста дар канори беморанд.