Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Омори якрӯзаи коронавирус дар Эрон: 201 фавт ва беш аз 23 ҳазор гирифтори нав

© AFP 2023 / Atta KenareЗакрытие магазины из-за ужесточения направленных на борьбу с коронавирусом мер в Тегеране
Закрытие магазины из-за ужесточения направленных на борьбу с коронавирусом мер в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Обуна шудан
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дасти кам 201 қурбони бемории коронавирус гардиданд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Вазорати беҳдошти Эрон омори 24 соати ахир аз сирояту фавт ва шифоёби аз коронавирусро нашр намуд.
Ба маълумоти вазорати Эрон шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ 201 нафар ҷон аз даст доданд. Ҳамчунин 23 655 мавориди нави сироятшавӣ сабт гардид.
Ба ҳамин минвол теъдоди умумии мубталоёни вируси COVID - 19 ба 3 миллиону 464 ҳазору 55 нафар баробар шудааст.
Теъдоди қурбониён бошад 86 592 нафарро ташкил медиҳад.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ҷаҳонро мавҷи сеюми коронавирус фаро гирифт
Илова бар ин дар Эро аллакай 3 миллиону 86 ҳазору 17 нафар комилан шифоӣ ёфтаанд ва аз бемористонҳо мураххас гардиданд.
Вазорати беҳдошт қайд мекунад, ки беш аз 24 ҳазор шаҳрванд аз ташхиси коронавирус гузаштаанд.
Ҳамзамон зиёда аз 5 миллион нафар вояи аввали ваксин алайҳи коронавирусро дарёфт намудаанд ва доруи дуввумро беш аз 2 миллион эрониҳо гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Эрон бо ваксини сохти Русия низ шаҳрвандони худро ваксинзанӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0