Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ҷаҳонро мавҷи сеюми коронавирус фаро гирифт

© PixabayИллюстрация Коронавируса
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Обуна шудан
Ҷаҳонро мавҷи сеюми коронавирус фаро гирифтааст ва аксар кишварҳо ба навъи нави "делта" рӯбарӯ мешаванд. Ин навъ коронавирус аллакай дар 111 кишвари дунё доман задааст
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҷаҳон ба марҳилаи саввуми сироятшавӣ аз коронавирус гузашт, мегӯяд роҳбари СҶБ Тедрос Аданом Гебрейсус.
Ба маълумоти ӯ, мавҷи саввум авоили фасли тобистон оғоз ёфт. Аз 5 июн то 11 июл ҳамакнун чаҳор ҳафта пайи ҳам сироятшавӣ ба коронавирус дар ҷаҳон дар сатҳи ниҳоят баландқарор дорад.
Илова бар ин, маргу мир аз ин вабо низ афзоиш ёфт, дар ҳоле, ки 10 ҳафта қабл фавт аз коронавирус рӯ ба коҳиш ниҳода буд.
Зикр мегардад, ки дар мавҷи сеюмт коронавирус навъи "делта" пешсаф аст. Роҳбари СҶБ бар ин назар аст, ки штамми мазкур ба тамоми ҷаҳон паҳн мешавад. Ҳоло дар 111 кишвари дунё ин навъ вирус роҳ ёфтааст.
Лечение коронавируса в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Делта" - навъи ҳиндии коронавирус ба Ӯзбекистон расид
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон феълан аз навъҳои нави коронавирус ягонтои онҳо роҳ наёфтаанд.
Аммо дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон аллакай коронавируси навъи "делта" роҳ ёфтааст.
Дар Русия бошад аллакай чандин намуд вирус мавҷуд аст ва ҳамарӯза беш аз 20 ҳазор ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус дар ин кишвар сабт мегардад.
Лентаи хабарҳо
0