https://sputnik.tj/20210715/ombudsmeni-tojikiston-amriko-huquqi-inson-namepazirad-1040902638.html
Омбудсмени Тоҷикистон хулосаҳои Амрико дар бораи ҳуқуқи инсонро намепазирад
Омбудсмени Тоҷикистон хулосаҳои Амрико дар бораи ҳуқуқи инсонро намепазирад
Sputnik Тоҷикистон
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бо гузориши вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар комилан розӣ нест
2021-07-15T12:55+0500
2021-07-15T12:55+0500
2021-07-15T16:41+0500
дар тоҷикистон
амрико
ҳуқуқи инсон
омбудсмен
ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
гузориш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032757938_0:39:3000:1727_1920x0_80_0_0_a575799492c98e75b320875510034d21.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Умед Бобозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкилд дошт мақомоти Амрико маълумотҳоро аз сарчашмаҳои дақиқ намегиранд ва маълумотҳои онҳо ба Тоҷикистон фарқият доранд.Вай афзуд, ки Амрико корҳои анҷомдодаи ҳукумати Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон нодида мегирад.Ҷаноби Бобозода, қайд кард, ки ба гузориши вазорати хориҷаи Амрико оид ба ҳуқуқи инсон комилан розӣ нест ва ба ин вокуниш кардааст.Ёдрас мешавем, ки гузориши Амрико дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2020 рӯзи 30-юми март дар сомонаи Департаменти давлатӣ нашр шуда буд.Вазорати корҳои хориҷии Амрико моҳи марти имсол дар гузорише Тоҷикистонро ба хотири рабудани мухолифин дар хориҷа, шиканҷаи боздоштшудаҳо, таҳдид ба фаъолону рӯзноманигорон ва маҳдудияти озодии баёну ақида танқид кард.Муаллифони гузориш Тоҷикистонро “давлати худкома” номида, гуфтанд, ҳарчанд дар Конститутсияи Тоҷикистон гуногунҳизбӣ таъкид шудааст, ҳукумат солҳо боз гуногунандешии сиёсиро маҳдуд кардааст.
https://sputnik.tj/20210204/Ombudsmen-2020-noboligon-jinoyat-sodir-kardaand-1032757469.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032757938_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_ed2fdd1a4754a78019f03c69ba08ee59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, амрико, омбудсмен, гузориш, ҳуқуқи инсон, намепазирад
тоҷикистон, амрико, омбудсмен, гузориш, ҳуқуқи инсон, намепазирад
Омбудсмени Тоҷикистон хулосаҳои Амрико дар бораи ҳуқуқи инсонро намепазирад
12:55 15.07.2021 (Навсозишуда: 16:41 15.07.2021) Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бо гузориши вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар комилан розӣ нест
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Умед Бобозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкилд дошт мақомоти Амрико маълумотҳоро аз сарчашмаҳои дақиқ намегиранд ва маълумотҳои онҳо ба Тоҷикистон фарқият доранд.
"Он коре, ки ҳукумат дар ҷодаи ҳуқуқи инсон анҷом медиҳад, нодида мегиранд. Аз сарчашмаҳои дуруст иттилоъ намегиранд."
Вай афзуд, ки Амрико корҳои анҷомдодаи ҳукумати Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон нодида мегирад.
Ҷаноби Бобозода, қайд кард, ки ба гузориши вазорати хориҷаи Амрико оид ба ҳуқуқи инсон комилан розӣ нест ва ба ин вокуниш кардааст.
Ёдрас мешавем, ки гузориши Амрико дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2020 рӯзи 30-юми март дар сомонаи Департаменти давлатӣ нашр шуда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико моҳи марти имсол дар гузорише Тоҷикистонро ба хотири рабудани мухолифин дар хориҷа, шиканҷаи боздоштшудаҳо, таҳдид ба фаъолону рӯзноманигорон ва маҳдудияти озодии баёну ақида танқид кард.
Муаллифони гузориш Тоҷикистонро “давлати худкома” номида, гуфтанд, ҳарчанд дар Конститутсияи Тоҷикистон гуногунҳизбӣ таъкид шудааст, ҳукумат солҳо боз гуногунандешии сиёсиро маҳдуд кардааст.