https://sputnik.tj/20210715/hodisa-nohush-hamadoni-istaravshan-1040902548.html
Яке бо санг заду дигаре бо корд: ду ҳодисаи нохуш дар Ҳамадонӣ ва Истаравшан
Яке бо санг заду дигаре бо корд: ду ҳодисаи нохуш дар Ҳамадонӣ ва Истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Истаравшан як сокини 27 - сола бо санг зада шуду дар шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ зании 33 - соларо корд заданд 15.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-15T12:52+0500
2021-07-15T12:52+0500
2021-07-15T13:05+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/58/1026655844_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_dbe17c2f09a5d855549c6deffb158cb0.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар ду минтақаи Тоҷикистон ҳодисаи корду сангзанӣ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи аввал шаби 12 июл дар деҳоти Пушкини шаҳри Истаравшан рух додааст.Сокини 36 - сола дар ҳолати мастӣ назди хобгоҳи рақами 44 бо марди 27 - сола аз шаҳри Хуҷанд вориди муноқиша шуд, ки дар натиҷа бо истифода аз санг як маротиба ба сари ӯ зарба расондааст.Ташхиси судӣ - тиббӣ хулоса намудааст, ки сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳати вазнин бардоштааст. Аз ин рӯ, нисбати ҳамлагар тибқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот ҳамоно идома дорад.Зимнан, як ҳодисаи дигари нохуш дар шаҳракаи Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ рух дод.Дар ин ҳодиса кормандони милиса ҷавони 29 - соларо боздошт намуданд, ки дар расонидани зарари ҷисмонӣ муттаҳам дониста мешавад.Номбурда сокини ноҳияи Ҳамадонӣ буда, бегоҳи 13 июл ба хонаи зани 33 - сола омада, бо ӯ ҷангу ҷанҷол кард ва сипас бо корд як маротиба ба тахтапушти ӯ зарба зад.Дар натиҷа зан бо бардоштани ҷароҳат бистарии беморхона шуд. Нисбати ҷавони 29 - сола бошад, тибқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210714/javoni-rasht-hamdehaashro-kord-zad-1040879315.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/58/1026655844_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_153f431455b0dbb07d527e882c82cb24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, вкд
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, вкд
Яке бо санг заду дигаре бо корд: ду ҳодисаи нохуш дар Ҳамадонӣ ва Истаравшан
12:52 15.07.2021 (Навсозишуда: 13:05 15.07.2021) Дар шаҳри Истаравшан як сокини 27 - сола бо санг зада шуду дар шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ зании 33 - соларо корд заданд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар ду минтақаи Тоҷикистон ҳодисаи корду сангзанӣ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи аввал шаби 12 июл дар деҳоти Пушкини шаҳри Истаравшан рух додааст.
Сокини 36 - сола дар ҳолати мастӣ назди хобгоҳи рақами 44 бо марди 27 - сола аз шаҳри Хуҷанд вориди муноқиша шуд, ки дар натиҷа бо истифода аз санг як маротиба ба сари ӯ зарба расондааст.
Ташхиси судӣ - тиббӣ хулоса намудааст, ки сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳати вазнин бардоштааст. Аз ин рӯ, нисбати ҳамлагар тибқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот ҳамоно идома дорад.
Зимнан, як ҳодисаи дигари нохуш дар шаҳракаи Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ рух дод.
Дар ин ҳодиса кормандони милиса ҷавони 29 - соларо боздошт намуданд, ки дар расонидани зарари ҷисмонӣ муттаҳам дониста мешавад.
Номбурда сокини ноҳияи Ҳамадонӣ буда, бегоҳи 13 июл ба хонаи зани 33 - сола омада, бо ӯ ҷангу ҷанҷол кард ва сипас бо корд як маротиба ба тахтапушти ӯ зарба зад.
Дар натиҷа зан бо бардоштани ҷароҳат бистарии беморхона шуд. Нисбати ҷавони 29 - сола бошад, тибқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.