https://sputnik.tj/20210714/tojikiston-rushdi-munosibot-chin-manfiatdor-1040874417.html
Ҳамсояи наздик: Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз рушди муносибот бо Чин манфиатдор аст
Ҳамсояи наздик: Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз рушди муносибот бо Чин манфиатдор аст
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд
2021-07-14T11:09+0500
2021-07-14T11:09+0500
2021-07-14T11:11+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
чин
рушд
муносибот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040873318_0:0:799:449_1920x0_80_0_0_0e636e50bd395109946955b688c509a8.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Чин Ван И, дидору мулоқот кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.Гуфта мешавад, ки Ван И бо сафари расмӣ барои ширкат дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Тоҷикистон қарор дорадДар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шудааст.Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ кардаанд.Раҳмон ва И роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ, ба роҳ мондани содироти молҳои Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ, ба бозорҳои Чинро, муҳокима намудаанд.Президенти Тоҷикистон барои дар давраи пандемия ҷудо кардани 300 ҳазор воя ваксина ба хотири пешгирӣ короновирус ба Чин изҳори сипос кардааст.Зимни баррасии масъалаҳои умдаи минтақавӣ ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
https://sputnik.tj/20210713/nigaron-vazi-afghoniston-rahmon-guterrish-1040871331.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040873318_0:0:709:532_1920x0_80_0_0_283b01b14b12c834eca81ef57f900fbb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, тоҷикистон, рушди муносибот
чин, тоҷикистон, рушди муносибот
Ҳамсояи наздик: Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз рушди муносибот бо Чин манфиатдор аст
11:09 14.07.2021 (Навсозишуда: 11:11 14.07.2021) Ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Чин Ван И, дидору мулоқот кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки Ван И бо сафари расмӣ барои ширкат дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Тоҷикистон қарор дорад
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон ва Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳамсоягони наздик мебошанд ва мо манфиатдорем, ки муносибатҳои наздики боэътимоди байни кишварҳоямон дар ҳама шаклҳо минбаъд амиқтар карда шаванд”.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
Раҳмон ва И роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ, ба роҳ мондани содироти молҳои Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ, ба бозорҳои Чинро, муҳокима намудаанд.
Президенти Тоҷикистон барои дар давраи пандемия ҷудо кардани 300 ҳазор воя ваксина ба хотири пешгирӣ короновирус ба Чин изҳори сипос кардааст.
Зимни баррасии масъалаҳои умдаи минтақавӣ ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.