https://sputnik.tj/20210714/rahmon-tojikiston-afghoniston-tadbirhoi-tahirnopazir-1040876300.html
Раҳмон: Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон, тадбирҳои таъхирнопазир меандешад
Раҳмон: Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон, тадбирҳои таъхирнопазир меандешад
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон, тадбирҳои таъхирнопазир меандешад
2021-07-14T12:10+0500
2021-07-14T12:10+0500
2021-07-14T12:10+0500
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
сҳш
баррасӣ
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040665043_0:22:3069:1748_1920x0_80_0_0_0f916f39827b7afa8d21c4cf7907b929.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо — вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфт.Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии ҳамкории давлатҳои аъзои Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст.Бояд гуфт, имсол дар солгарди 20-уми таъсиси созмон Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз муассисони он аст, раисиро дар ин ташкилоти бонуфуз бар уҳда дорад."Тоҷикистон раисиро дар СҲШ мутобиқи принсипҳои пештар изҳоршудаи муттасилӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мавқеи ҳар як давлати узв иҷро мекунад. Вазифаи асосии раисии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар якҷоягӣ бо дигар давлатҳои аъзо ва мақомоти доимӣ рушди минбаъдаи пешрафти Созмон таъмин карда шавад", — таъкид намудаст Раҳмон.Гуфта шудааст, ки дар давраи 20 соли фаъолияти худ СҲШ ҳамчун ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккули худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намуд. Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаҳо оид ба муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддирро муҳокима кардаандНогуфта намонад, ки дар мулоқоти имрӯза Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров ва Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар суханронӣ карданд.
https://sputnik.tj/20210714/tojikiston-rushdi-munosibot-chin-manfiatdor-1040874417.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040665043_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2c3cc497864a892c021e37ac4fb9d8cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, сиёсат, амният, суҳбат, вазири корҳои хориҷии сҳш
эмомалӣ раҳмон, сиёсат, амният, суҳбат, вазири корҳои хориҷии сҳш
Раҳмон: Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон, тадбирҳои таъхирнопазир меандешад
Кишвардори Тоҷикистон ин нуктаро зимни мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ зикр кард
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо — вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии ҳамкории давлатҳои аъзои Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст.
Бояд гуфт, имсол дар солгарди 20-уми таъсиси созмон Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз муассисони он аст, раисиро дар ин ташкилоти бонуфуз бар уҳда дорад.
"Тоҷикистон раисиро дар СҲШ мутобиқи принсипҳои пештар изҳоршудаи муттасилӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мавқеи ҳар як давлати узв иҷро мекунад.
Вазифаи асосии раисии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар якҷоягӣ бо дигар давлатҳои аъзо ва мақомоти доимӣ рушди минбаъдаи пешрафти Созмон таъмин карда шавад", — таъкид намудаст Раҳмон.
Гуфта шудааст, ки дар давраи 20 соли фаъолияти худ СҲШ ҳамчун ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккули худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаҳо оид ба муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддирро муҳокима кардаанд
Дар ин росто, президенти кишвар таъкид кардааст, ки Тоҷикистон бо дарназардошти шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон, бо истифодаи ҳамаи сатҳҳои бисёрҷониба ҷиҳати баррасии мушкилоти ин кишвари ҳамсоя тадбирҳои таъхирнопазир андешида истодааст.
Ногуфта намонад, ки дар мулоқоти имрӯза Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров ва Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар суханронӣ карданд.