Аз Роҳбияи 4-сола то Турони 70-сола: Эълони теъдоди фавтидаю маҷруҳон ва хонаҳои харобшуда

© Sputnik / Амир ИсаевПоследствия землетрясения в Лангари Шох
Последствия землетрясения в Лангари Шох - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон расман эълон кард, ки да заминларзаи субҳи 10 -уми июл чанд кас фавтид, чанд нафар маҷруҳ шуданд ва чӣ қадар хонаю мактаб хароб гардид
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда расман иттилоъ дод, ки бар асари заминларзаи субҳи 10-уми июли соли равон 5 нафар сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, 16 нафар маҷруҳ шуда, феълан дар беморхонаанд.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, фавтидагон аз 4 то 70 сол доранд.
1.
Мирзошоев Фирдавс, соли таваллудаш 2007,
2.
Куканов Аёзиддин, соли таваллудаш 2014,
3.
Маҳмадулоева Турон, соли таваллудаш 1951,
4.
Булулова Роҳбия, соли таваллудаш 2017,
5.
Боймуродов Қадриддин, соли таваллудаш 2015.
Дар мавриди биноҳои харобшуда Комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ, деҳаи Саричашмаи ноҳияи Тоҷикобод 29 хонаи шаҳрвандон вайрон шудааст. Аз инҳо 7 хона пурра, 10 хона қисман зарар дидаанд. Ба 12 манзили зисти сокинон зарари сабук расидааст.
Ҳамчунин тибқи маълумотҳои пешакии комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Рашт дар заминларзаи рӯзи гузашта дар ҷамоати деҳоти Хиҷборак, деҳаҳои Ярха - 38 хона, Моҳи Хоса - 5 хона, Ҳазорчашма - 15 хона, Қалъа - 15 хона, Ҷалобод - 3 хона, Шамар - 1 хона, Уштурпас - 7 хона, Ярхаби Чуқурак - 6 хона, Ҳиҷбора - 1 хона қисман ва пурра зарар дидаанд. Бино ба иттилои Комисся дар маҷмӯъ дар мавзеъҳои ёдшуда 92 хона, аз ҷумла, 14 хона пурра, 11 хона қисман, 67 хона зарари сабук дидаанд.
Последствия землетрясения в Лангари Шох - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Заминларза дар Тоҷикистон
Оқибати заминларзаи мудҳиш дар Тоҷикистон: аксҳо аз ҷои ҳодиса
Дар ҷамоати деҳоти Аскалон деҳаҳои Додбахт ба 5 хона, Сари Шухон ба 19 хона ва 1 мактаб, Шархо ба 4 хона, Кул ба 12 хона, Камолиён ба 5 хона, Зиҳбед ба 7 хона, Туғак ба 1 хона қисман зарар расидааст. Дар ин ҷамоати деҳот дар умум ба 53 хона зарар расидааст. Аз инҳо 4 хона қисман вайрон шуда, ба 49 хона ва як мактаби миёна зарари сабук расидааст.
Дар деҳаи дараи Ҳайрони ҷамоати деҳоти Сангвори ноҳияи Сангвор низ дар ин заминларза 2 хонаи истиқоматии сокинон (яке пурра ва дуюмӣ қисман) зарар дидааст, омадааст дар иттилоия расмӣ.
Маврид ба зикр аст, ки 10-уми июл дар 165 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 километраи шарқи ноҳияи Рашт буда, заминларза рух дод, ки қувваи он дар марказаш 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0