https://sputnik.tj/20210712/tojikiston-vazir-umur-horija-afghoniston-meoyad-1040840809.html
Вазири умури хориҷаи Афғонистон ба Тоҷикистон меояд
Вазири умури хориҷаи Афғонистон ба Тоҷикистон меояд
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, Вазири умури хориҷаи Афғонистон, ҷаноби Муҳаммад Ҳаниф Атмар ба Тоҷикистон ташриф орад
2021-07-12T19:50+0500
2021-07-12T19:50+0500
2021-07-12T19:50+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
сиёсат
афғонистон
вазир
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031914352_0:0:961:540_1920x0_80_0_0_473a785847b7a14d4438595a03e91ecc.png
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Душанбе муовинони вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Афғонистон мулоқот доир намуданд.Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 12 июн мулоқоти Хусрав Нозирӣ, муовини якуми Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои афғони худ Мирвайс Ноб, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор шуд.Гуфта мешавад, ҷонибҳо нахуст ба вазъи мавҷудаи Афғонистон таваҷҷӯҳ намуда, ҳолати кунии Ҷумҳурии Исломиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.Илова бар ин, Нозирӣ бо Мирвайс Ноб масъалаи ташриф овардани Вазири умури хориҷаи Афғонистон, Муҳаммад Ҳаниф Атмарро баррасӣ карданд.Ҷаноби Атмар Ҳаниф ба хотири иштирок дар ҷаласаи Гурӯҳи Созмони ҳамкории Шанхай-Афғонистон, ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард.Ин ҷаласа фардо, 13 июл дар Душанбе баргузор мегардад.Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон феълан муборизаи неруҳои ҳукуматӣ бо ҷангиёни ҳаракати Толибон* давом дорад.Ҳамлаи Толибон дақиқан пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз хоки ин кишвар ҷон гирифт ва ҳоло қисмати зиёди музофотҳои Афғонистонро ба тобеияти худ дароварданд.*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
https://sputnik.tj/20210712/taslim-gurez-hukmroni-tolibon-shimol-afghoniston-video-1040836219.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031914352_43:0:896:640_1920x0_80_0_0_c72345c7e55930bc7db804d85c282b91.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон афғонистон
Вазири умури хориҷаи Афғонистон ба Тоҷикистон меояд
Интизор меравад, Вазири умури хориҷаи Афғонистон, ҷаноби Муҳаммад Ҳаниф Атмар ба Тоҷикистон ташриф орад
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Душанбе муовинони вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Афғонистон мулоқот доир намуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 12 июн мулоқоти Хусрав Нозирӣ, муовини якуми Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои афғони худ Мирвайс Ноб, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо нахуст ба вазъи мавҷудаи Афғонистон таваҷҷӯҳ намуда, ҳолати кунии Ҷумҳурии Исломиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Илова бар ин, Нозирӣ бо Мирвайс Ноб масъалаи ташриф овардани Вазири умури хориҷаи Афғонистон, Муҳаммад Ҳаниф Атмарро баррасӣ карданд.
Ҷаноби Атмар Ҳаниф ба хотири иштирок дар ҷаласаи Гурӯҳи Созмони ҳамкории Шанхай-Афғонистон, ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард.
Ин ҷаласа фардо, 13 июл дар Душанбе баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон феълан муборизаи неруҳои ҳукуматӣ бо ҷангиёни ҳаракати Толибон* давом дорад.
Ҳамлаи Толибон дақиқан пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз хоки ин кишвар ҷон гирифт ва ҳоло қисмати зиёди музофотҳои Афғонистонро ба тобеияти худ дароварданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон