https://sputnik.tj/20210713/tayin-sardor-nav-milisa-isfara-polkovnik-ba-joi-general-1040867234.html
Таъйини сардорони милиса дар навоҳии марзӣ бо Қирғизистону Афғонистон бо розигии Раҳмон
Таъйини сардорони милиса дар навоҳии марзӣ бо Қирғизистону Афғонистон бо розигии Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мувофиқа бо раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон сардори идораи милисаи шаҳри Исфара, минтақаи марзӣ бо Қирғизистонро таъйин кард
2021-07-13T20:00+0500
2021-07-13T20:00+0500
2021-07-21T19:00+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
вкд
исфара
идораи сохтмони вилояти суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040867199_0:21:783:461_1920x0_80_0_0_8830464a214ac6274324bbb45ebbbb47.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Полковник Набиҷон Исозода, сардори шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара таъйин карда шуд. Ӯ дар ин мақом генерал Нурулло Орифзодаро иваз намуд, ки ахиран ба роҳбарии шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар таъйин гардид.Аз Вазорати умури дохилӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки инчунин полковник Фирдавс Шоҳмадзода сардори идораи милисаи шаҳри Ваҳдат таъйин гардид.Манбаъ афзуд, ки сардорони милиса дар ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, ШВКД –и рақами 1-и ноҳияи Шоҳмансур, ШВКД 1 ва 2 – и шаҳри Исфара иваз гардиданд. Феълан ному рутбаи бархе аз сардорони навтаъйини милиса дар шаҳру навоҳӣ дастрас нест. Масъулини ВУД Тоҷикистон мегӯянд, ин тағйироти маъмулии кадрӣ аст, ки ҳар сари вақт дар ин ниҳод амалӣ карда мешавад.Шаҳри Исфараи Тоҷикистон, ки дар марз бо Қирғизистон ҷойгир мебошад, яке аз маконҳои асосии сар задани муноқишаҳои марзӣ бо сокинони ҷумҳурии ҳамсоя арзёбӣ мегардад.Полковник Исозода Набиҷон Исои 44-сола, ки ба мақоми шуъбаи корҳои дохилии рақами яки Исфара таъйин гардид, аз соли 1997 дар мақомоти умури дохилӣ кор мекунад ва то таъйиноти наваш сардори милисаи шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон буд.Исозода солиёни зиёд дар мақомҳои гуногун аз ҷумла дар вазифаи сардори ШКД – и хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе кор кардааст.
https://sputnik.tj/20210713/barkanori-maqom-general-orifzoda-shoh-iskandar-1040857479.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040867199_0:0:783:587_1920x0_80_0_0_b310de80dcf6608b756224ae32a331f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исфара, милиса, сардор
Таъйини сардорони милиса дар навоҳии марзӣ бо Қирғизистону Афғонистон бо розигии Раҳмон
20:00 13.07.2021 (Навсозишуда: 19:00 21.07.2021) Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мувофиқа бо раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон сардори идораи милисаи шаҳри Исфара, минтақаи марзӣ бо Қирғизистонро таъйин кард
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Полковник Набиҷон Исозода, сардори шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара таъйин карда шуд. Ӯ дар ин мақом генерал Нурулло Орифзодаро иваз намуд, ки ахиран ба роҳбарии шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар таъйин гардид.
Аз Вазорати умури дохилӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки инчунин полковник Фирдавс Шоҳмадзода сардори идораи милисаи шаҳри Ваҳдат таъйин гардид.
Манбаъ афзуд, ки сардорони милиса дар ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, ШВКД –и рақами 1-и ноҳияи Шоҳмансур, ШВКД 1 ва 2 – и шаҳри Исфара иваз гардиданд. Феълан ному рутбаи бархе аз сардорони навтаъйини милиса дар шаҳру навоҳӣ дастрас нест. Масъулини ВУД Тоҷикистон мегӯянд, ин тағйироти маъмулии кадрӣ аст, ки ҳар сари вақт дар ин ниҳод амалӣ карда мешавад.
Шаҳри Исфараи Тоҷикистон, ки дар марз бо Қирғизистон ҷойгир мебошад, яке аз маконҳои асосии сар задани муноқишаҳои марзӣ бо сокинони ҷумҳурии ҳамсоя арзёбӣ мегардад.
Полковник Исозода Набиҷон Исои 44-сола, ки ба мақоми шуъбаи корҳои дохилии рақами яки Исфара таъйин гардид, аз соли 1997 дар мақомоти умури дохилӣ кор мекунад ва то таъйиноти наваш сардори милисаи шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон буд.
Исозода солиёни зиёд дар мақомҳои гуногун аз ҷумла дар вазифаи сардори ШКД – и хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе кор кардааст.