Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Полетаев: таниш дар марзи Афғонистон ба истиқлолияти Тоҷикистон таҳдид мекунад

© Официальная страница Эдуарда Полетаева в соцсетяхПолитолог и руководитель общественного фонда "Мир Евразии" Эдуард Полетаев
Политолог и руководитель общественного фонда Мир Евразии Эдуард Полетаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Сиёсатшинос Эдуард Полетаев гуфт, вуруди паноҳандагони афғон ба Тоҷикистон чӣ мушкил ба бор меорад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Амалиёти мусаллаҳона дар Афғонистон ба соҳибихтиёрии Тоҷикистон таҳдид мекунад, гуфт роҳбари Бунёди ҷамъиятии "Ҷаҳони УрОсиё", сиёсатшинос Эдуард Полетаев дар мусоҳиба бо "Авеста".
Вай қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо сабаби қабули паноҳандагон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дорад. Мақомоти ҷумҳурӣ бояд ба вуруди эҳтимолии шаҳрвандон аз Афғонистон омода бошанд.
"Аксари гурезагон дар минтақаҳои кишварҳои бумии худ боқӣ монданд, зеро дар сурати беҳтар шудани вазъ ба ватан бозгаштан осонтар хоҳад буд. Гуреза шудан аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон осонтар аст, боқимонда кишварҳои минтақа инро ҳамчун таҳдид ба амнияти худ мепиндоранд", - гуфт сиёсатшинос.
Полетаев бо такя ба омор гуфт, тибқи он шахсе, ки мақоми гуреза гирифтааст, онро муддати тӯлонӣ нигоҳ медорад. Аммо, агар рад кунад ҳам, довталабон ба кишварҳои мизбон вуруд мешаванд, аммо ба таври ғайриқонунӣ.
"Ва ин давлатҳои мизбонро аз нигоҳи амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба ташвиш меорад", - шарҳ дод коршинос.
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Жириновский гуфт, ҷаҳон бояд "Толибон"* -ро эътироф кунад
Сиёсатшинос ёдовар шуд, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гурезагон бо меъёрҳои байналмилалӣ муайян ва танзим карда мешаванд. Аз ҷумла, бо Конвенсияи 1951 СММ ва Протоколи 1967.
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда ин санадро пазируфт. Тоҷикистон ҳамчунин қонуни миллии "Дар бораи гурезагон" -ро дорад ва шумораи аз ҳама зиёди паноҳандагон аз Афғонистон дар Осиёи Марказӣ дар ин кишвар мебошад.
"Барои Тоҷикистон вазъи гурезагон бегона нест. Вақте ки дар солҳои 90 - ум дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст, худи Тоҷикистон "интиқолдиҳанда "-и гурезагон шуд. Аксари онҳо ба кишварҳои ИДМ рафтанд, аммо гурезаҳои зиёде низ ба манотиқи шимолии Афғонистон, ки макони зисти тоҷикон аст, кӯч бастанд", - гуфт Полетаев.
Вай афзуд, ки бозгашти ихтиёрии паноҳандагон ба ватан, барои Тоҷикистон муҳим аст.
"Аммо як ҷанбаи муҳими баргардонидан кафолати амнияти бозгашти онҳост. Зоҳиран, то ҳол касе дар Афғонистон ба онҳо чунин кафолат дода наметавонад", - хулоса кард ӯ.
П/к делегации политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Барои чӣ набояд ба ваъдаҳои "Толибон"* бовар кард: посухи сиёсатшинос
Вазъи Афғонистон боиси нигаронии шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. "Толибон"* дар заминаи хуруҷи нерӯҳои Амрико фаъолтар шуданд.
Ҷангиён ба шаҳрҳои калон ҳамла намуда, аллакай қаламравҳои назаррасро тасарруф кардаанд.
* - ташкилоти террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар фаъолияташ мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0