Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Жириновский гуфт, ҷаҳон бояд "Толибон"* -ро эътироф кунад

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель ЛДПР Владимир Жириновский
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Жириновский мегӯяд, ҷаҳон бояд "Толибон" -ро ҳамчун ҳукумати нави Афғонистон эътироф кунад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Аъзоёни ҷунбиши радикалии "Толибон", ҳатман ҳокимиятро дар Афғонистон ба даст меоранд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба шабакаи Telegram-и раҳбари ҳизби либерал -демократи Русия Владимир Жириновский хабар додааст.
Ба гуфти сиёсатмадор, "Иёлоти Муттаҳида фаромӯш кардааст, ки маҳз онҳо "Толибон" -ро барои мубориза бо нерӯҳои Шӯравӣ созмон доданд".

"Низомиёни мо аз он ҷо рафтанд, аммо "Толибон" монданд. Ва акнун ҷаҳон онҳоро бояд ҳамчун ҳукумати Афғонистон эътироф кунад", - гуфт Жириновский.

Вай қайд кард, ки Русия бояд фикри мақомоти нави давлатро ба инобат гирад.
"Кишвари мо вазифадор аст бо онҳое, ки ин ҷумҳурии исломиро роҳбарӣ мекунанд, ҳисоб кунад", - гуфт Жириновский.
Он, ки ҳукумати Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон суқут хоҳад кард, борҳо аз ҷониби сиёсатмадорон ва коршиносони ҷаҳонӣ садо додааст.
Аммо, президенти ҷумҳурӣ Ашраф Ғанӣ мутмаин аст, ки сарфи назар аз замонҳои душвор, кишвар тавони паси сар кардани ҳамлаи "Толибон" - ро дорад.
Хотиррасон мекунем, ки ҷангиёни "Толибон" дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон фаъолтар шуданд. Ҷангҷӯён забт кардани музофотҳо ва шаҳрҳои кишварро идома медиҳанд.
П/к делегации политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Барои чӣ набояд ба ваъдаҳои "Толибон"* бовар кард: посухи сиёсатшинос
Қаблан вазорати дифоъи Афғонистон аз маҳви яке аз пешвоёни "Толибон" Азиз Раҳмон хабар дод. Ҷангҷӯ дар як ҳамлаи ҳавоӣ нобуд карда шуд.
Дар маҷмӯъ, дар давоми рӯзи гузашта, сарбозони ҳукуматӣ 267 "Толибон" - ро аз байн бурданд.
Шумораи радикалҳои маҷрӯҳ ба 119 нафар расид. Дар ҳоли ҳозир, "Толибон" дар манотиқи гуногуни шаҳри Ғазнӣ, 100-километр ҷанубтар аз Кобул, қарор доранд.
* - ташкилоти террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар фаъолияташ мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0