https://sputnik.tj/20210712/vazir-suol-qonuni-afv-1040820276.html
Посухи вазир ба суол дар бораи қонуни афв
Посухи вазир ба суол дар бораи қонуни афв
Sputnik Тоҷикистон
Вазири адлияи Тоҷикистон дар бораи қабул шудан ё нашудани қонуни афв дар Тоҷикистон гуфт
2021-07-12T13:03+0500
2021-07-12T13:03+0500
2021-07-12T13:03+0500
дар тоҷикистон
қонун
адлия
зиндон
афв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103079/31/1030793192_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_a1b12bf43c84128eac446beabab866b8.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар рафти нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба суоли хабарнигорон, ки оё дар Тоҷикистон қонуни афв қабул шудааст ва ё мешавад, посух гуфт.Ба қавли ҷаноби Ашӯриён , феълан дар ин бора ба ниҳодаш чизе маълум нест.Ӯ таъкид кард, ки қонуни афв ҳуқуқи истисноии президент аст ва "агар ин қонун омода шавад, хабараш нашр мегардад"."Мувофиқи Конститутсия афв аз ҳуқуқҳои истисноии президенти Тоҷикистон аст, ки ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Агар чунин лоиҳаи қонун ба ифтихори 30-солагии Исиқлоли Тоҷикистон омода шавад, хабарҳо нашр мешаванд. Ҳоло дар ин бора барои Вазорати адлия чизе маълум нест", - таъкид кард вазир.Ёдрас мешавем, пештар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар истинод ба манобеи худ хабар доданд, ки дар Тоҷикистон дар ҳошияи таҷлили 30-солагии Истиқлол тарҳи қонуни афв омода гаштааст. Мувофиқи он шумораи зиёди маҳкумшудагон афв хоҳанд шуд ва ё ҷазояшон сабуктар хоҳад гардид.Охирин қонуни афве, ки дар Тоҷикистон қабул шуд, ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар дар соли 2019 буд, ки бештар аз 20 ҳазор маҳбусу гумонбару судшавандаву маҳкумшавандаҳоро фаро гирифт.
https://sputnik.tj/20210703/muhlat-pul-qonuni-jinoyat-afv-tafsilot-1040627274.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103079/31/1030793192_84:0:1899:1361_1920x0_80_0_0_9d9c87f2e45ac79ae93464e00d9ebf50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афв зиндонӣ
Посухи вазир ба суол дар бораи қонуни афв
Вазири адлияи Тоҷикистон дар бораи қабул шудан ё нашудани қонуни афв дар Тоҷикистон гуфт
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар рафти нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба суоли хабарнигорон, ки оё дар Тоҷикистон қонуни афв қабул шудааст ва ё мешавад, посух гуфт.
Ба қавли ҷаноби Ашӯриён , феълан дар ин бора ба ниҳодаш чизе маълум нест.
Ӯ таъкид кард, ки қонуни афв ҳуқуқи истисноии президент аст ва "агар ин қонун омода шавад, хабараш нашр мегардад".
"Мувофиқи Конститутсия афв аз ҳуқуқҳои истисноии президенти Тоҷикистон аст, ки ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Агар чунин лоиҳаи қонун ба ифтихори 30-солагии Исиқлоли Тоҷикистон омода шавад, хабарҳо нашр мешаванд. Ҳоло дар ин бора барои Вазорати адлия чизе маълум нест", - таъкид кард вазир.
Ёдрас мешавем, пештар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар истинод ба манобеи худ хабар доданд, ки дар Тоҷикистон дар ҳошияи таҷлили 30-солагии Истиқлол тарҳи қонуни афв омода гаштааст. Мувофиқи он шумораи зиёди маҳкумшудагон афв хоҳанд шуд ва ё ҷазояшон сабуктар хоҳад гардид.
Охирин қонуни афве, ки дар Тоҷикистон қабул шуд, ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар дар соли 2019 буд, ки бештар аз 20 ҳазор маҳбусу гумонбару судшавандаву маҳкумшавандаҳоро фаро гирифт.