12 моҳ муҳлат: касе пулашро қонунӣ кунад, ҷиноятҳояш афв мешаванд – тафсилот

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Обуна шудан
Қонуни афв вобаста ба қонунгардонии дороиҳо дар Тоҷикистон, ки ташаббускораш раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, 12 моҳро фаро мегираду имтиёзҳоеро пешбинӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Қонуни афв ва қонунигардонии дороиҳо бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сӯи гуруҳи корӣ бо иштироки қариб тамоми ниҳодҳои давлатӣ таҳия шуда, баъди нашр дар матбуот мавриди амал қарор мегирад.
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, барои шаҳрвандоне, ки дороӣ ва маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд, имтиёзҳои андозӣ, афви ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ ва кафолати давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо пешбинӣ шудаст. Ба гуфтаи Холиқзода, давраи қонунигардонӣ 12 моҳ пешбинӣ шудааст.
Мавлудахон Мирзозода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон тавзеҳ дод, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ дороӣ ва маблағҳои онҳо қонунӣ гардонида шудаанд, авф карда шуда, барои кирдорҳои дар моддаҳои 259, 2591 262, 263, 269, 270, 271, 273, 274, 284, 285, 286, 287, 289 қисми 1, 291, 292, 293, 294, 295, 318, 3401-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон пешбинишуда, ки то oғози давраи қонунигардонӣ содир намудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2021
Мақомоти тоҷик шарти афви мухолифинро гуфтанд
Феҳрасти моддаҳои ҷиноие, ки вакил ном бурд, аъмоли зеринро дар бар мегиранд:
Моддаи 259. Соҳибкории ғайриқонунӣ
Моддаи 2591. Истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда
Моддаи 262. Қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда
Моддаи 263. Фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ
Моддаи 269. Ҳаракати ғайриқонунӣ ҳангоми муфлисшавӣ
Моддаи 270. Муфлисии бадқасдона
Моддаи 271. Муфлисии сохта
Моддаи 273. Кирдори инҳисорӣ (монополистӣ) ва маҳдуд кардани рақобат
Моддаи 274. Бадқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории савдои оммавӣ ё тендер, ё музоядаҳо (аукцион)
Моддаи 284. Бастани аҳди ғайриқонунии бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид
Моддаи 285. Вайрон кардани қоидаҳои ба давлат супоридани фулузот ва сангҳои қиматбаҳо
Моддаи 286. Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ
Моддаи 287. Аз хориҷа барнагардонидани воситаҳо ба асъори хориҷӣ
Моддаи 289. Контрабанда (қочоқ) (ба истиснои воситаҳои нашъадор, силоҳ, воситаҳои радиоактивӣ, ашёи аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, осори бадеӣ, таърихӣ ва ғайра)
Моддаи 291. Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ
Моддаи 292. Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ
Моддаи 293. Саркашии шахси воқеъӣ аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳо
Моддаи 294. Фиреби истеъмолкунандагон
Моддаи 295. Сўиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо
Моддаи 318. Иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ
Моддаи 3401 Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо
Мирзозода инчунин моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ном бурд, ки мавриди афв қарор мегиранд.
“Инчунин, барои кирдорҳои дар моддаҳои 165, 171, 407, 409, 412, 417, 421, 424, 425, 427, 430, 431, 510, 511, 5271, 537, 538, 541, 542, 543, 545, 553, 554, 558, 572, 577, 578, 588, 591, 593, 594, 597, 599, 601, 6031, 605, 606, 615, 617, 626, 630, 644-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки то oғози давраи қонунигардонӣ содир намудаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд”, - навиштааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Мирзозода.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Бахшиши ҷазо: фармон барои тағйирот дар Комиссияи назди президент
Модаҳои номбаршуда ҳуқуқвайронкуниҳои гуногуни маъмурӣ, аз ҷумла фурӯши ғайриқонунии мӯмиё, рақобати бевиҷдонона, огоҳ накардан аз амонатҳо дар хориҷ, риоя накардани нархи муайянкардаи мақомоти танзимкунанда, пешниҳод накардани эъломия, кам нишон додани маблағи андоз ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро дар бар мегирад.
Вакили парлумони Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дороӣ ва маб­лағҳояшонро қонунӣ мегардонанд, кафолат дода шуда, қонунигардонӣ бо ҳуҷҷати расмӣ тасдиқ карда мешавад, давлат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, дахлнопазирии дороӣ ва маб­лағҳоро кафолат медиҳад. Қонуни афву қонунигардонии дороӣ пешбинӣ намудааст, ки шаҳрвандон аз рӯи риоя нагардидани талаботи ин қонун ҳуқуқи ба суд шикоят оварданро доранд.
Лентаи хабарҳо
0