Аз субҳ ду заминларза: такрори зилзилаҳо дар шарқи Тоҷикистон

© AP / STRСейсмография, архивное фото
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Обуна шудан
Аз аввали рӯз дар Тоҷикистон якбора ду ларзиши замин бо фосилаи чандсоата ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Аз замони заминларзаи шадиди харобиовар, ки 10 июл дар Тоҷикистон рух дод, ҳамарӯза дар кишвар заминларза ба қайд гирифта мешавад.
Субҳи 12 июл дар ҷумҳурӣ ду заминларза рух дод. Аввалин ларзиш, бино ба иттилои Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, соати 08:20 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
"Зилзила дар 39-километрии ҷанубу шарқи Рашт ба қайд гирифта шуда, шиддати он 4,3 арзёбӣ шудааст. Чуқурии он тақрибан 15 километрро ташкил медиҳад", - иттилоъ додааст, ин марказ.
Заминларзаи такрорӣ соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ рух дод.
Последствия землетрясения в Лангари Шох - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Аз Роҳбияи 4-сола то Турони 70-сола: Эълони теъдоди фавтидаю маҷруҳон ва хонаҳои харобшуда
Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, шиддати заминларза 3,8 балро ташкил дода, дар ин кишвар низ эҳсос шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора ҳоло шарҳе надод. Дар бораи талафот ва харобиҳо гузориш дода нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки 10-уми июл дар 165 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 километраи шарқи ноҳияи Рашт, заминларза рух дод, ки қувваи он дар марказаш 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.
Комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда расман иттилоъ дод, ки бар асари ин заминларза 5 нафар сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, 16 нафар маҷруҳ шуда, феълан дар беморхонаанд.
Лентаи хабарҳо
0