Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои қазоқаш вазъи Афғонистонро баррасӣ кард

© Sputnik / Саид Закерия / Гузариш ба медиабонкБеженцы из зоны боевых действий в Афганистане
Беженцы из зоны боевых действий в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ашимбаев Маулен Сагатханули суҳбати телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Имрӯз раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Ашимбаев Маулен Сагатханули суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад котиботи маҷлис.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни суҳбат роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат ҷанбаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон ва масъалаҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.
Ҳаниф Атмар сарпараст ё иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Вазири умури хориҷаи Афғонистон ба Тоҷикистон меояд
"Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин муайянсозии самтҳои афзалиятноки рушди муносибатҳои бисёрсолаи дӯстона изҳор доштанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Онҳо зикр карданд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон бо ҳамдигар шарикони боэътимоди стратегӣ маҳсуб меёбанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар пасманзари пандемияи КОВИД-19 ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Аз ҷумла, вазъи ҳарбию сиёсӣ ва ҳолати ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0