Даргузашти Бобоев, саноатчии шинохтаи тоҷик ва ҳамсараш дар як ҳафта

© Sputnik / Амир ИсаевЧетки в руках верующего
Четки в руках верующего - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Обуна шудан
Тоҳир Бобоев, яке аз соҳибкорону саноатчиёни шинохтаи Тоҷикистон ва ҳамсараш Ҳанифа Бобоева тайи як ҳафта пайи ҳам дунёро падруд гуфтанд
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Ҳанифа Бобоева, чанд рӯз баъди марги ҳамсараш Тоҳир Бобоев, собиқ директори генералии корхонаи шоҳибофии Хуҷанд маъруф ба “Шелкокомбинат” даргузашт.
Яке аз наздикони хонаводаи Бобоевҳо дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҳанифа Бобоева солим буд, вале як ҳафта қабл дучори сактаи мағзӣ шуда, рӯзи 11 июл ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
Ҳанифа Бобоева бидуни шавҳараш, Тоҳир Бобоев ҳамагӣ чанд рӯз зиндагӣ кард ва аз пайаш ҷаҳонро падруд гуфт.
Тоҳир Бобоев соли 1940 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, баъди хатми Донишкадаи бофандагии шаҳри Тошканд, солҳои зиёд дар корхонаҳои саноатӣ фаъолият намуда, аз бунёдгузорони корхонаҳои муосири шимоли Тоҷикистон мебошад, ки маҳсулоташон ба Аврупо содир мешавад.
Шерали Абдулкайсов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Даргузашти Шералӣ Абдулқайсов: дар Қарияи Боло бистарӣ буд
Аз соли 1986 то соли 2008 ҳамчун роҳбари комбинати маъруфи шоҳибофӣ (Шелкокомбинат) дар шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Ба маҳзи кӯшишҳои ӯ дар Хуҷанд як зумра корхонаҳои ресандагию бофандагӣ аз қабили Корхонаҳои муштараки “Ҷавонӣ”, Корхонаи муштараки “Ветнаму Тоҷикистон Силк”, корхонаҳои “Абрешим”, “САТН” ва “Кобоол Тоҷик Текстайлз” дар Суғд таъсис дода шудааст.
Бунёдгузори ин корхонаҳо бар асари бемории қанд дар сини 81 - солагӣ аз олам даргузашт
Ҳамсараш Ҳанифа Бобоева, 19 декабри соли 1941 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи бофандагии шаҳри Тошкандро хатм намудааст. Бобоева ҳудуди 24 сол минҳайси сармуҳандис дар Омӯзишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Лентаи хабарҳо
0