https://sputnik.tj/20210712/anduh-vazorat-farhang-darguzasht-abdulqaysov-1040831450.html
Андӯҳи Вазорати фарҳанг аз даргузашти Абдулқайсов: ба наздикон сабри ҷамил хост
Андӯҳи Вазорати фарҳанг аз даргузашти Абдулқайсов: ба наздикон сабри ҷамил хост
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати фарҳанг ба хешу пайвандон ва мухлисони ин ҳунарманди мардумӣ сабру таҳаммул хост
2021-07-12T16:07+0500
2021-07-12T16:07+0500
2021-07-12T16:16+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
шералӣ абдулқайсов
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102561/49/1025614938_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_9aba1117b2c8c3b991ec19a9dae7f7e7.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон Ҳунарманди мардумӣ, Шералӣ Абдулқайсов дар синни 70 - солагӣ даргузашт. Иллати марги ин ҳунарманд, бемории коронавирус гуфта мешавад.Зимнан, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз марги ҳунарманди номӣ сахт андӯҳгин шуда ба пайвандону ҳаводорони ин марди ҳунар ҳамдардии амиқ изҳор доштанд.Вазорат ба наздикони ӯ сабру таҳаммул хоста, ба худи ҳунарманд макони ободи охиратро таманно кард.Ёдовар мешавем, ки Шералӣ Абдулқайсов чанд вақт боз дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ буд ва бо бад шудани вазъи саломатияш ӯро ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд.Вале пизикон натавонистанд, ҷони Абдулқайсовро наҷот диҳанд ва рӯзи 12 июн ҳунарманд ҷонашро ба Ҳақ таслим кард.Феълан маълум нест, ки тобути ӯ дар Душанбе ба хок супорида мешавад ва ё ӯро ба зодгоҳаш деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон интиқол медиҳанд.Зеро, маъмулан ҳунармандонро дар Лучоб ба хок месупоранд.
https://sputnik.tj/20210712/darguzasht-sherali-abdulqays-koronavirus-1040818252.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102561/49/1025614938_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_cbe44075fd848f98437411030dcce91c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шералӣ абдулқайсов тоҷикистон даргузашт
шералӣ абдулқайсов тоҷикистон даргузашт
Андӯҳи Вазорати фарҳанг аз даргузашти Абдулқайсов: ба наздикон сабри ҷамил хост
16:07 12.07.2021 (Навсозишуда: 16:16 12.07.2021) Вазорати фарҳанг ба хешу пайвандон ва мухлисони ин ҳунарманди мардумӣ сабру таҳаммул хост
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон Ҳунарманди мардумӣ, Шералӣ Абдулқайсов дар синни 70 - солагӣ даргузашт. Иллати марги ин ҳунарманд, бемории коронавирус гуфта мешавад.
Зимнан, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз марги ҳунарманди номӣ сахт андӯҳгин шуда ба пайвандону ҳаводорони ин марди ҳунар ҳамдардии амиқ изҳор доштанд.
Вазорат ба наздикони ӯ сабру таҳаммул хоста, ба худи ҳунарманд макони ободи охиратро таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки Шералӣ Абдулқайсов чанд вақт боз дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ буд ва бо бад шудани вазъи саломатияш ӯро ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд.
Вале пизикон натавонистанд, ҷони Абдулқайсовро наҷот диҳанд ва рӯзи 12 июн ҳунарманд ҷонашро ба Ҳақ таслим кард.
Феълан маълум нест, ки тобути ӯ дар Душанбе ба хок супорида мешавад ва ё ӯро ба зодгоҳаш деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон интиқол медиҳанд.
Зеро, маъмулан ҳунармандонро дар Лучоб ба хок месупоранд.