Мақомоти Маскав теъдоди хориҷиёнеро, ки бар зидди COVID-19 ваксин гирифтанд, эълон кард

© Sputnik / Виталий БелоусовЛюди возле пункта вакцинации от COVID-19 на территории ТЦ "Садовод" в Москве
Люди возле пункта вакцинации от COVID-19 на территории ТЦ Садовод в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Обуна шудан
Мақомоти пойтахти Русия шумори дақиқи шаҳрвандони хориҷие ва муҳоҷирони меҳнатиро, ки бар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, эълон кард
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар шаҳри Маскав аз оғози маъракаи ваксиназании муҳоҷирони меҳнатӣ бар зидди коронавирус, беш аз 68 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ваксина гирифтаанд, иттиоъ додааст ситоди фаврии шаҳри Маскав.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар шаҳри Маскав муҳоҷирони меҳнатиро бо ваксинаи як компонентаи “Спутник лайт” тазриқ мешаванд. Арзиши ин ваксина барои шаҳрвандони хориҷӣ 1300 рубли русиро ташкил медодааст.
Ваксиназании муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав 28 июни соли равон оғоз ёфтааст.
Гробы с умершими от заражения вирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Ду марги дигар аз COVID ва афзоиши рекордии сироятёбӣ дар Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки ахиран шаҳрдори Маскав гуфт муҳоҷирони меҳнатӣ ба ваксинагирӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд
“Мо дар бораи алоқамандии зиёди муҳоҷирон ба раванди ваксинатсияро мушоҳида мекунем. Алоқамандӣ ҳам аз ҷониби корфармоёне, ки дар корхонаҳои онҳо муҳоҷирони зиёд кор мекнунанд ва ҳам аз шахсони алоҳида мушоҳида дорем”, таъкид дошт шаҳрдори Маскав.
Вай афзуд, ки дар марҳилаи аввал ба таври озмоиши ваксиназанӣ танҳо ба гурӯҳҳои муташакили муҳоҷирон - дар Маркази муҳоҷирати Сахарово ва бозори Садовод сурат гирифт.
“Имрӯз чанд маркази ваксинагирии дигар барои муҳоҷирони меҳнатӣ боз шудааст. Бузргтаринаш дар варзишгоҳи Лужникӣ аст. Боз 25 нуқтаи ваксиназании пулакӣ дар марказҳои тиббии Маскав низ фаъол аст. Маълумот дар бораи онҳо низ вуҷуд дорад”, - илова кард Собянин.
Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Собянин: Маскав авҷи бемории коронавирусро пушти сар кард
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Маскав Лужникӣ маркази нави ваксинагирӣ бар зидди вируси корона ифтитоҳ шуд.
Шаҳрдори шаҳри Маскав ахиран хабар дод, ки вазъи бемории коронавирус дар пойтахт мӯътадил гашта, ва дар Маскав коҳиши сироятёбӣ ба ин вируси мушоҳида шудааст.
Собянин дар бораи суръати ваксиназанӣ алайҳи коронавирус дар Маскав ҳарф зада буд. Вай қайд кард, ки аҳолии шаҳр барои ваксиназанӣ масъулияти бештар пайдо карданд ва дар Маскав ҳар рӯз тақрибан 100 ҳазор нафар ваксина мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0