https://sputnik.tj/20210711/covid-favt-siroyatyob-tojikiston-1040801007.html
Ду марги дигар аз COVID ва афзоиши рекордии сироятёбӣ дар Тоҷикистон
Ду марги дигар аз COVID ва афзоиши рекордии сироятёбӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон, боз ду бемори вируси корона ҷон аз даст дод
2021-07-11T13:41+0500
2021-07-11T13:41+0500
2021-08-10T17:02+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
даргузашт
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0a/1031554785_39:0:3010:1671_1920x0_80_0_0_0d48d26e92efa2a7bbec8afc0f1f5dc9.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро эълон кард. Дар Тоҷикистон афзоиши якбораи вируси корона ба қайд гирифта шуд: дар як рӯз 43 ҳолати нав ошкор карда шуд. Аз оғози мавҷи дуввуми коронавирус дар кишвар, ин бештарин шумораи гирифторон мебошад.Ёдрас мешавем, ки афзоиши максималии гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон ҳанӯз 21 майи соли 2020 ба қайд гирифта шуд ва он 210 нафарро ташкил дод. Ҳамзамон, дар Тоҷикистон ду марги нав аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди умумии фавтидагон шоми 10 июл ба 102 нафар расид. Ҳамчунин дар як рӯз 31 нафар аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд. Шумораи умумии шифоёфтагон ба 13514 нафар расид. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз зарурати риояи талаботи беҳдоштӣ, аз ҷумла ниқобпӯшӣ ва риояи масофаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегӯяд. Инчунин дар Тоҷикистон маъракаи васеъи эмгузаронӣ барои аҳолии аз 18-сола боло ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20210711/darguzashti-general-piri-husayn-1040797626.html
https://sputnik.tj/20210710/suhbati-maryam-isoeva-bemorhona-siroyati-nazdikon-kanor-1040791106.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0a/1031554785_410:0:2638:1671_1920x0_80_0_0_2560786624976e69cbeebd434a3e549d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марг, вируси корона, тоҷикистон
марг, вируси корона, тоҷикистон
Ду марги дигар аз COVID ва афзоиши рекордии сироятёбӣ дар Тоҷикистон
13:41 11.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон, боз ду бемори вируси корона ҷон аз даст дод
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро эълон кард.
Дар Тоҷикистон афзоиши якбораи вируси корона ба қайд гирифта шуд: дар як рӯз 43 ҳолати нав ошкор карда шуд. Аз оғози мавҷи дуввуми коронавирус дар кишвар, ин бештарин шумораи гирифторон мебошад.
Ёдрас мешавем, ки афзоиши максималии гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон ҳанӯз 21 майи соли 2020 ба қайд гирифта шуд ва он 210 нафарро ташкил дод.
Ҳамзамон, дар Тоҷикистон ду марги нав аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди умумии фавтидагон шоми 10 июл ба 102 нафар расид.
Ҳамчунин дар як рӯз 31 нафар аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд. Шумораи умумии шифоёфтагон ба 13514 нафар расид.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз зарурати риояи талаботи беҳдоштӣ, аз ҷумла ниқобпӯшӣ ва риояи масофаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегӯяд.
Инчунин дар Тоҷикистон маъракаи васеъи эмгузаронӣ барои аҳолии аз 18-сола боло ҷараён дорад.