Болоравии нархи сӯзишворӣ, кори таксиҳо дар Хуҷандро мушкил намудааст

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкАЗС в Москве
АЗС в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Обуна шудан
Давоми як ҳафтаи охир арзиши гази моеъ, дар шаҳру навоҳии Суғд боз ҳам баланд рафта, ба 5,7 сомонӣ расидааст. Болоравии босуръати нархи маводи сӯхт, боиси ба мушкил дучор шудани ширкатҳои мусофиркашонӣ дар Хуҷанд гардидааст
ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Бино ба нархномаи нави ширкатҳо, ҳоло арзиши як литр гази моеъ ба 5,7 сомонӣ баробар шудааст. Арзиши дигар маводи сӯхт аз ҷумла бензин ва дизел ҳам тағйир ёфтааст.
Алҳол нархи бензини навъи АИ 95 - 9,9 сомонӣ, АИ 92- 9,5 сомонӣ, дизел - 8,9 сомонӣ баробар шудааст.
Бино бар таҳлили Sputnik Тоҷикистон, нархи маводи сӯхт дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд дар муқоиса ба як ҳафтаи пеш дар мисли гази моеъ 20 дирам ва дар мисоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ то 50 дирам баланд шудааст.
Дар ҳамин ҳол манобеъ аз шаҳру навоҳии Ашт ва Панҷакент дар бораи ба 6 сомонӣ расидани нархи гази моеъ ва то 10 сомонӣ расидани нархи бензин хабар медиҳанд.
Ҳудуди ду ҳафта пеш бензини навъи АИ 95 - 9,8 сомонӣ, АИ 92- 9,4 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ - 8,5 сомонӣ ва нархи гази моеъ - 5,5 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Заправка автомобиля на АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Аз 15 то 40 дирам: нархи газу бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Суғд гарон шуд
Болоравии нарх назар ба аввалҳои соли ҷорӣ дар мисоли гази моеъ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз 1,7 то 1, 8 ва 2,4 сомонӣ ё аз 22 то 30 % баланд рақам зада мешавад.
Дар моҳи январ нархи гази моеъ ҳамагӣ 4 сомонӣ ва бензину дизел бо нархи 7 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Болоравии босуръати нархи маводи сӯхт фаъолияти аксар ширкатҳои мусофиркашонӣ (таксӣ) дар Хуҷандро ба мушкил дучор намудааст.
Ҳоло баъзе аз сокинони маркази Суғд мегуянд, то омадани мошини таксӣ дақиқаҳои зиёд зери офтоби гарми тобистон дар роҳу ҷодаҳои Хуҷанд муназир мондаанд.
Шариф як сокини Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи камбуди таксиҳо иброз намуд. Ӯ гуфт, рӯзи шанбе ба бозор ба харид рафта, барои расонидани бораш то манзил таксӣ фармоиш дод, вале то расидани таксӣ зиёд мунтазир шудааст.
“Ман одатан дар вақти зарурат барои киро намудани таксӣ ба ширкати Maxim фармоиш медиҳам, чун ки сари вақт ронандаҳояш ҳозир мешаванд. Аммо дирӯз хеле дер карданд, ман сабабшро пурсидам, ронанда гуфт, ки ҳоло аз сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ бисёре аз коргарон ба кор набаромадаанд”, - гуфт мусофири таксӣ.
Мирзомубин гуфт, ҳоло дар пайи гарон шудани нархи сӯзишворӣ қиммати роҳкирои таксӣ дар Хуҷанд ҳам аз 1 то 2 сомонӣ баланд шудааст.
бензин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
10 сомонӣ барои як литр бензин: Тоҷикистон ба камбуди маводи сӯхт рӯбарӯ шуд
Мавзуъи болоравии нарх ва камбуди мусофиркашҳо дар Хуҷанд ҳаминшабурӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла фейсбук ҳам баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.
Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иддао доранд, ки дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ нархи таксиҳо ҳам баланд шаванд ва бигзор корашон мунтазам бошад, аммо гурӯҳи дигар мегуянд, ки “таксиҳо ҳам бояд инсоф кунанд”.
Доман паҳн намудани ин баҳсҳо дар Интернет, Мирзонуриддин роҳбари ширкати мусофиркашонии “Maxim” дар Хуҷандро водор намудаааст, ки ба суолҳои зиёди корбарон ба атрофи ин ширкат посух гуяд.
Мирзонуриддин гуфтааст, ки аз шикояти зиёди сокинон доир ба фаъолияти ин ширкат огоҳанд ва ин ҳол барои онҳо низ хастакунанда будааст. Ӯ сабаби саривақт ҳозир нашудани ронандаҳо ба суроғаи мусофиронро аз чанд сабаб шарҳ додааст.
“Дар инҷо бештар муаммо дар дастрасии нақлиёти мусофиркашони барои шаҳрвандон ва меҳмонон, босуръат баланд рафтани сӯзишворӣ ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани коргарон мебошад. Ба ҳар ҳол, ҳамаи ин барои мо баҳона намебошад. Нархномаҳои ширкат мунтазам бо назардошти бозоргонӣ баррасӣ шуда истодааст”, - гуфтааст роҳбари “Maxim”.
Болоравии нархи маводи сӯхт ҳоло кори дигар ширкатҳои мусофиркашонии байнишаҳриву байниноҳиявӣ дар Суғд суст гардонидааст.
Нефтяные насосы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Бозори гарони нафт: Русия чӣ қадар фоида ба даст меорад
Аз маълумоти Идораи гумрук бармеояд, ки дар моҳи майива июни соли 2021 нархи миёнаи як тон гази моеъи воридотӣ 451 – 460 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Аммо роҳбарони ширкатҳои таъминоти сӯзишворӣ (АЗС) ё чаканафурӯшон мегуянд, онҳое, ки ба воридоти гази моеъ машғуланд дафъаҳои охир қиммати фурӯши як тон гази моеъро то ба 9250 сомонӣ баробар кардаанд.

“Як кило газ ба 1890 грам ё қариб ба 2 литр баробар аст. Мо ҳисоб кардем, ки хариди ҳар як литри газ бо ҳисоби 5,22 ё 5,30 сомонӣ рост меояд. Болои ин 25 дирам андози чакана ва 6 дирам ширкате, ки ҳисоботи фурӯши моро дар назди идораи андоз мебарад, меситонад, ки дар умум як литр гази моеъ ба 5,60 дирам баробар мешавад, мо 8-10 дирам монда ба 5,7 сомонӣ мефурӯшем. Агар ин ҷо маоши коргар ва маблағи барқро ҳисоб кунед, хароҷот нисбат ба фоида бештар ҳисоб мешавад”, - гуфт роҳбари ширкати таъминоти сӯзишворӣ.

Таконхурии нарх дар ҳолест, ки кунун масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаб ва омилҳои онро расман шарҳ надодаанд. Соли гузашта масъулини ин ниҳод эълом намуда буд, ки дар пайи санҷиш ҳолатҳои беасос болобурдани арзиши фурӯши сӯзишворӣ дар як қатор ширкатҳо ошкор гардид.
Американский нефтяник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Нафт ба таҳрим рабт надорад: хариди рекордии нафти Русия аз ҷониби Амрико
Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфта буданд, ки ин ширкатҳоро аз 50 то 200 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Аммо ба хотири ҳифзи обрӯ аз ширкатҳо ном нагирифтанд. Поёни соли гузашта дар пайи ин “гушмол”- и мақомот қимати маводи сӯхт то 18 % поён шуда буд.
Дар Тоҷикистон маводи сӯзишворӣ аз хориҷа асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилои Идораи гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Лентаи хабарҳо
0