10 сомонӣ барои як литр бензин: Тоҷикистон ба камбуди маводи сӯхт рӯбарӯ шуд

© ASIF HASSANбензин
бензин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе ва аксар минтақаҳои наздишаҳрӣ, ронандагон аз камчин шудани бензини навъи АИ - 92 шикоят мекунанд
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Аз замоне, ки дар нуқтаҳои таъминкунанда бо маводи сӯзишворӣ, бензин тамоман мавҷуд нест, ронандаҳо онро аз шахсони алоҳида бо қиммати 10 сомонӣ харид мекунанд, менависад агентии "Авеста".
Ба иттилои манбаъ, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои наздишаҳрӣ камбуди бензин, бахусус навъи машҳури он, АИ-92 ба мушоҳида мерасад.
Заправочная колонка на автозаправочной станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Бозори сӯзишвории Тоҷикистон: моро чӣ интизор аст?
Гуфта мешавад, дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба ронандаҳо аз тамоман мавҷуд набудани бензин хабар доданд. Дар ҳоле, ки сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ дар Душанбе фаровон фурӯхта мешавад.
Афзоиши нархи бензин дар ҷумҳурӣ аз охири моҳи феврал мушоҳида мешавад. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт нархи бензин барои ҳар литр ба 8,10-8,40 сомонӣ (вобаста аз тамға) мерасад, дар ҳоле ки се ҳафта пеш нархи миёнаи як литр аз 7,20 сомонӣ зиёд набуд. Нархи гази моеъ низ боло рафтааст, ки як литраш ​​ҳоло 4,5-4,55 сомонӣ аст.
Русия таъминкунандаи аслии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон боқӣ мондааст. Инчунин, маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ва дигар кишварҳо интиқол дода мешавад. Соли 2020 ба Тоҷикистон тақрибан 234 ҳазор тонна бензин ва тақрибан 298 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ворид карда шудааст.
“Бензини қирғизӣ”: Қирғизистон ба марзҳои Тоҷикистон нерӯи низомӣ эъзом кардааст
Қаблан хабар дода шуда буд, ки соли 2021 Русия ба Тоҷикистон 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтиро бидуни боҷ ворид хоҳад кард. Қайд карда шуд, ки ҷумҳурӣ 260 ҳазор тонна бензини автомобилӣ, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории ҳавопаймо, 30 ҳазор тонна мазут, 50 ҳазор тонна гази моеъ ва ғайра мегирад.
Қиматтарин бензин дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст
Тибқи маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, соли гузашта беш аз 583,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 272,5 миллион доллар ворид карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0