Тоҷикистонро заминҷунбии шадид такон дод

© Sputnik / Игорь Носов / Гузариш ба медиабонкСейсмограф, архивное фото
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Обуна шудан
Заминларза бо шиддати 5,8 балл дар 164 километрии шимолу шарқи Душанбе рух дод
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон зилзилаи шадид рух дод. Дар ин бора Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин (EMSC) эълом кардааст.
Қувваи заминҷунбӣ 5,8 арзёбӣ мешавад. Маркази он 164 километр шимолу шарқи Душанбе ва 169 километр ҷанубу шарқи Хуҷанд дар умқи 40 километр гуфта мешавад.
Замин субҳи барвақти 10 июн такон хӯрд ва феълан дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ иттилое рӯи даст нест.
Трещина на асфальте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Заминларза дар Тоҷикистон
Субҳи барвақт Хоруғро заминларза такон дод
Заминҷунбии Тоҷикистонро инчунин экспедитсияи сейсмологии таҷрибавӣ-методии Кумитаи илми Вазорати маорифи Қазоқистон таъйид намудааст.
Тибқи иттилои вазорат, шиддати заминларза 6,4 дараҷа арзёбӣ мешавад.
Қаблан, заминларза дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон рух дода буд. Ларзиши замин дар 40 километрии шарқи Хоруғ ва беш аз 200 километрии шарқи Қундуз эҳсос шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0