https://sputnik.tj/20210601/horughro-yak-zaminlarzai-digar-takon-dod-1039877074.html
Субҳи барвақт Хоруғро заминларза такон дод
Субҳи барвақт Хоруғро заминларза такон дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷанубу шарқи Хоруғ, заминсанҷҳои якчанд истгоҳҳои байналмилалӣ ларзишро ба қайд гирифтанд
2021-06-01T10:24+0500
2021-06-01T10:24+0500
2021-06-01T10:44+0500
хоруғ
вмкб
кҳф
заминларза
заминларза дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1b/1031802723_0:602:1276:1320_1920x0_80_0_0_32a0f5d88a664018c265c5821f1f85d3.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Субҳи барвақт дар Тоҷикистон заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон. Заминларза соати 06:26 ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Ларзиши замин 4.4 бал гуфта мешавадТибқи маълумоти мукаммали Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, заминҷунбӣ дар ҷанубу шарқи Хоруғ, 41 километр дуртар аз маркази маъмурии ВМКБ рух додааст.Ларзиш дар шимолу шарқи Қундузи Афғонистон эҳсос шудааст, аммо дар Ӯзбекистон ба назар нарасидааст.Маркази заминларза дар чуқурии 200 километр ҷойгир будааст. Тибқи иттилои Пажӯҳишгоҳи сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза 293 км ҷанубу шарқи Душанбе, 43 км шимолу шарқи Хоруғ будааст. Қувваи ларзиш дар маркази заминларза 4-5 бал, дар шаҳри Хоруғ 4 балро ташкил доданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қайд мекунад, ки талафот ва харобӣ нест.Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал мавҷи пурраи заминларзаҳо саросари ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифтанд.
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1b/1031802723_0:482:1276:1439_1920x0_80_0_0_2e53ff37b2dcfb97d98657e1425f8050.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хоруғ, заминларзаи, кҳф
Субҳи барвақт Хоруғро заминларза такон дод
10:24 01.06.2021 (Навсозишуда: 10:44 01.06.2021) Дар ҷанубу шарқи Хоруғ, заминсанҷҳои якчанд истгоҳҳои байналмилалӣ ларзишро ба қайд гирифтанд
ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Субҳи барвақт дар Тоҷикистон заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.
Заминларза соати 06:26 ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Ларзиши замин 4.4 бал гуфта мешавад
Тибқи маълумоти мукаммали Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, заминҷунбӣ дар ҷанубу шарқи Хоруғ, 41 километр дуртар аз маркази маъмурии ВМКБ рух додааст.
Ларзиш дар шимолу шарқи Қундузи Афғонистон эҳсос шудааст, аммо дар Ӯзбекистон ба назар нарасидааст.
Маркази заминларза дар чуқурии 200 километр ҷойгир будааст.
Тибқи иттилои Пажӯҳишгоҳи сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза 293 км ҷанубу шарқи Душанбе, 43 км шимолу шарқи Хоруғ будааст.
Қувваи ларзиш дар маркази заминларза 4-5 бал, дар шаҳри Хоруғ 4 балро ташкил доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қайд мекунад, ки талафот ва харобӣ нест.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал мавҷи пурраи заминларзаҳо саросари ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифтанд.