Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон сарҳадбони боздоштшудаи қирғизро раҳо кард

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Обуна шудан
Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳамоно исрор меварзад, ки дар тирпарронии ахир аз ҷониби Тоҷикистон низ талафоти ҷонӣ мавҷуд аст, аммо ин ҷониб танҳо аз захмиён мегӯяду бас
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бар асари тирпарронии рӯзи 8 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сарҳадбони қирғиз кушта шуд ва яке дигар аз ҷониби марзбонони тоҷик боздошт гардид.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки сарҳадбони боздоштшударо Тоҷикистон раҳо кард ва феълан ӯ дар ватан қарор дорад.

"Бегоҳи рӯзи 9 июл пас аз мулоқоти намояндагони сарҳадоти ду кишвар, прапоршик Умаров ба ҷониби Қирғизистон супорида шуд. Имрӯз соати 00:55 дақиқа, Умаров тавассути гузаргоҳи "Кайрагач-автодорожний" ба қаламрави Қирғизистон гузашт", - таъкид мешавад дар хабари Хадамоти марзбонии он кишвар.

Манбаъ меафзояд, феълан вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон орому мӯътадил аст.
Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8 июл аз рухдоди тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон хабар дод.
Ба иттилоъи манбаъ ҳодиса соати 14:55 дақиқаи рӯзи 8 июл дар ҳудуди ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух дода, дар натиҷа ду сарбози қирғиз захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, чор сарҳадбонони Қирғизистон бо либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ марзи Тоҷикистонро дар ҷамоати Росровути Деваштич ғайриқонунӣ убур карданд.
Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Баъди тирпарронии дирӯза: вазъи марз бо Қирғизистон чигуна аст?
"Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд", - омадааст дар хабари КДАМ.
Мақомоти Қирғизистон низ дар бораи тирпарронии рӯзи 8 июл иттилоъ ба нашр расонида гуфтааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса сарбози 27-солаи ин кишвар, Ҳусниддин Ҳоҷиев аз захми тир кушта шудааст.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон исрор меварзад, ки дар ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон низ талафоти ҷонӣ ва маҷрӯҳ шудани сарҳадбонон вуҷуд дорад. Аммо ин изҳоротро ҷониби Тоҷикистон шарҳ надодааст.
Лентаи хабарҳо
0