Баъди тирпарронии дирӯза: вазъи марз бо Қирғизистон чигуна аст?

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкСолдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото
Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Обуна шудан
Вазъи марз бо Қирғизистон ором аст. Алҳол мақомоти расмии ду кишвар барои таҳқиқи тирпарронии рӯзи гузашта, ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудаанд
ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Ашуралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи марз бо Қирғизистон баъд аз як рӯзи тирпаррониро шарҳ дод.
Ҷалилзода, ки ҳамин лаҳзаҳо дар сарҳад қарор дорад гуфт, ҳоло вазъи марз ором буда, мақомотҳои қудратӣ аз ҳарду ҷониб, барои таҳқиқи ҳодисаи тирпарронии як рӯзи пеш ба ҷойи ҳодиса сафар кардаанд.
“Мо ҳоло дар сарҳад қарор дорем, ҳама ҷо тинҷу ором аст. Ин ҷо ҳоло мақомоти амниятиву сарҳадбонӣ, муфаттишони прокуратураи ҳарбӣ сафар кардаанд ва тибқи талаботи қонун як ҷо бо мақомоти Қирғизистон нисбати рухдоди ҳодисаи дирӯза корбарӣ мекунанд”, гуфт раиси ноҳияи Деваштич.
Бино ба иттилоъи Ҷалилзода, ноҳияи Деваштич 64 километр бо Қирғизистон ҳамсарҳад буда, асосан аз чарогоҳҳо иборат аст. Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи гузашта аз рухдоди тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон хабар дод.
Пограничник республики Кыргызстан во время службы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон дар бораи тирпарронӣ дар марз назари худро ироа кард
Ба иттилоъи манбаъ ҳодиса соати 14:55 дақиқаи рӯзи 8 июл дар ҳудуди ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух дода, дар натиҷа ду сарбози қирғиз захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, чор сарҳадбонони Қирғизистон бо либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ марзи Тоҷикистонро дар ҷамоати Росровути Деваштич ғайриқонунӣ убур карданд.
"Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд", - омадааст дар хабари КДАМ.
Мақомоти Қирғизистон низ дар бораи тирпарронии рӯзи 8 июл иттилоъ ба нашр расонида гуфтааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса сарбози 27-солаи ин кишвар, Ҳусниддин Ҳоҷиев аз захми тир кушта шудааст.
Таджикские пограничники патрулируют границу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тирпарронии сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон: ду нафар захмӣ шуд
Дар иттилоияи мақомоти Тоҷикистон дар бораи захмӣ шудани сарҳадбонони ин кишвар чизе гуфта нашудааст.
Алҳол мақомоти расмии Тоҷикистону Қирғизистон барои таҳқиқи рухдоди тирпарронӣ дар марз ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0