https://sputnik.tj/20210710/rais-rasht-emomali-rahmon-zaminjunbi-hisobot-1040790501.html
Раисони Рашту Тоҷикобод ба Эмомалӣ Раҳмон аз талафоту хисороти заминҷунбӣ ҳисобот доданд
Раисони Рашту Тоҷикобод ба Эмомалӣ Раҳмон аз талафоту хисороти заминҷунбӣ ҳисобот доданд
Sputnik Тоҷикистон
Раисони Тоҷикободу Рашт ба раисиҷумҳури Тоҷикистон аз талафоту хисороти заминҷунбӣ ҳисобот доданд 10.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-10T11:42+0500
2021-07-10T11:42+0500
2021-07-10T12:16+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
эмомалӣ раҳмон
рашт
заминҷунбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_0:0:2956:1663_1920x0_80_0_0_800545d1f7d9d3496413551450d60486.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз заминҷунбии шадид ба раисони ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт тамос гирифту аз оқибатҳои ин офати табиӣ пурсид.Дафтари матбуоти роҳбари давлат менависад, ба Эмомалӣ Раҳмон, раисони Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон ва Фақерзода Қадриддин аз оқибатҳои заминҷунбӣ ҳисобот доданд.Аз ин офати табиӣ аз ҳама беш ин ду ноҳияи Тоҷикистон хисорти ҷонӣ ва молӣ диданд.Тибқи маълумоти котиботи раисиҷумҳур, бар асари ин офати табиӣ 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон аз даст доданд. Вале расонаҳои дохилӣ аз фавти 5 нафар хабар медиҳад.Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулод, раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супориш доданд, ки ҳар чӣ зудтар барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кӯмак ба оилаҳои зарардида чораҷӯӣ намоянд.Комиссияи ҳукуматӣ ба таври фаврӣ дар маҳалли ҳодиса корҳои бартарафсозиро оғоз кард.Тибқи иттиллои Маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зилзила соати 7: 14 дақиқаи вақти маҳаллӣ, 20 километр дар наздикии маркази ноҳияи Рашт дар чуқурии 10 километр ба вуқуъ пайваста, қувваи он ба 5,9 балл аз руи ҷадвали Рихтер баробар буд.Ҷунбиши замин дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос гардид.
https://sputnik.tj/20210710/favt-zaminjunbi-tojikiston-1040789769.html
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_caeb8f8e8d8e6e034fe6f1e0a40106f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, эмомалӣ раҳмон, рашт, заминҷунбӣ
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, эмомалӣ раҳмон, рашт, заминҷунбӣ
Раисони Рашту Тоҷикобод ба Эмомалӣ Раҳмон аз талафоту хисороти заминҷунбӣ ҳисобот доданд
11:42 10.07.2021 (Навсозишуда: 12:16 10.07.2021) Раисони Тоҷикободу Рашт ба раисиҷумҳури Тоҷикистон аз талафоту хисороти заминҷунбӣ ҳисобот доданд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз заминҷунбии шадид ба раисони ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт тамос гирифту аз оқибатҳои ин офати табиӣ пурсид.
Дафтари матбуоти роҳбари давлат менависад, ба Эмомалӣ Раҳмон, раисони Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон ва Фақерзода Қадриддин аз оқибатҳои заминҷунбӣ ҳисобот доданд.
Аз ин офати табиӣ аз ҳама беш ин ду ноҳияи Тоҷикистон хисорти ҷонӣ ва молӣ диданд.
Тибқи маълумоти котиботи раисиҷумҳур, бар асари ин офати табиӣ 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон аз даст доданд. Вале расонаҳои дохилӣ аз фавти 5 нафар хабар медиҳад.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулод, раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супориш доданд, ки ҳар чӣ зудтар барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кӯмак ба оилаҳои зарардида чораҷӯӣ намоянд.
Комиссияи ҳукуматӣ ба таври фаврӣ дар маҳалли ҳодиса корҳои бартарафсозиро оғоз кард.
Тибқи иттиллои Маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зилзила соати 7: 14 дақиқаи вақти маҳаллӣ, 20 километр дар наздикии маркази ноҳияи Рашт дар чуқурии 10 километр ба вуқуъ пайваста, қувваи он ба 5,9 балл аз руи ҷадвали Рихтер баробар буд.
Ҷунбиши замин дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос гардид.