Ҳалокати 5 нафар аз заминҷунбӣ дар Тоҷикистон: ҳамагӣ сокинони Тоҷикобод буданд

© PixabayРазрушенная квартира после землетрясения
Разрушенная квартира после землетрясения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Обуна шудан
Заминҷунбие, ки субҳи 10 июл рух дод, 5 қурбонӣ дар пай дошт
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тоҷикистонро субҳи барвақт заминҷунбии шадид такон дод, ки 5 қурбонӣ дар пай дошт. Қувваи ларзиши замин ба 5.9 дараҷаи Рихтер баробар буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҳар 5 қурбонӣ сокинони ноҳияи Тоҷикобод мебошанд.
Гуфта мешавад, ду сокини ноболиғи ноҳияи Рашт бар асари заминҷунбӣ ҷароҳат бардошта, феълан дар бемористон қарор доранд.
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Тоҷикистонро заминҷунбии шадид такон дод
Тибқи иттилои КҲФ, маркази зилзила дар 165 км шимолу шарқи Душанбе ва 21 км шарқи минтақаи Рашт рух додааст.
Ларзиши замин дар маркази заминҷунбӣ ба 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе ба 2-3 дараҷа баробар буд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи заминҷунбӣ дар деҳаҳои Ҳазорчашма ва Ярхаби ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак 7 хона, дар деҳоти Шархо ва Сари Шухони ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт 12 хона зарар диданд.
Оқибатҳои ин офати табииро пайгирӣ мекунем ва бо пайдо шудани маълумоти нав дар сомона ҷо хоҳем дод.
Лентаи хабарҳо
0