https://sputnik.tj/20210710/zaminjunbi-subh-10-iul-tojikiston-kushtand-1040793597.html
Ду заминҷунбии субҳи 10 июл, ки даҳҳо ҳазор тоҷикистониро куштанд: ёди қурбониён
Ду заминҷунбии субҳи 10 июл, ки даҳҳо ҳазор тоҷикистониро куштанд: ёди қурбониён
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро расо баъди 72 соли фоҷиаи Ҳойит, ки субҳи 10 июли соли 1949 рух дода буд, боз заминларзаи маргбор такон дод
2021-07-10T15:50+0500
2021-07-10T15:50+0500
2021-08-10T16:49+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминҷунбӣ
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102937/01/1029370145_0:0:2865:1612_1920x0_80_0_0_6ef520145b9fe4ab669dd37d8d73db6b.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар шарқи Тоҷикистон субҳи 10 июли соли 2021 заминларза рух дод, ки бар асоси иттилои аввалия 5 кушта барҷой гузошт. Аз ҷумла 4 кӯдаки аз 6 то 12 – сола ба ҳалокат расидаанд. Расман мақомот то ҳол аз харобшавии ҳудуди 20 хона хабар додаанд, аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ теъдоди хонаҳои осебдидаро садҳо адад мегӯянд.Барои дақиқ кардани хисороту талафоти заминларзаи имрӯза таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон гуруҳи махсуси корӣ таъсис ёфта, бисёре аз аъзои ҳукумат ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудаанд.Ин дар ҳолест, ки маҳз субҳи 10 июл ва маҳз дар шарқи Тоҷикистон пурфоҷиатарин заминҷунбӣ дар таърихи кишвар рух дода буд.Соати тақрибан 9 –и саҳари 10- уми июли соли 1949 Тоҷикистонро сахттарин заминларза такон дод, ки дар як мижа задан Ҳойит ба хок яксон шуд. Заминҷунбӣ, ки рехтани кӯҳу сангпораҳо ва селро дар пай дошт, ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабуд.Тибқи маълумоти гуногун, он замон аз 15 то 40 ҳазор одам зинда ба зинда зери хок монда ҳалок шуданд.
https://sputnik.tj/20190710/pururbonitarin-ofat-dar-tarikhi-tojikiston-1029375147.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102937/01/1029370145_134:0:2865:2048_1920x0_80_0_0_26e3635cb5cca3cac775d8ff5083dc7f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
заминҷунбӣ, ҳойит, тоҷикистон, рашт
заминҷунбӣ, ҳойит, тоҷикистон, рашт
Ду заминҷунбии субҳи 10 июл, ки даҳҳо ҳазор тоҷикистониро куштанд: ёди қурбониён
15:50 10.07.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Шарқи Тоҷикистонро расо баъди 72 соли заминҷунбии Ҳойит, ки субҳи 10 июли соли 1949 рух дода буду даҳҳо ҳазор кушта барҷой гузошт, боз заминларзаи маргбор такон дод.
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар шарқи Тоҷикистон субҳи 10 июли соли 2021 заминларза рух дод, ки бар асоси иттилои аввалия 5 кушта барҷой гузошт. Аз ҷумла 4 кӯдаки аз 6 то 12 – сола ба ҳалокат расидаанд. Расман мақомот то ҳол аз харобшавии ҳудуди 20 хона хабар додаанд, аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ теъдоди хонаҳои осебдидаро садҳо адад мегӯянд.
Барои дақиқ кардани хисороту талафоти заминларзаи имрӯза таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон гуруҳи махсуси корӣ таъсис ёфта, бисёре аз аъзои ҳукумат ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки маҳз субҳи 10 июл ва маҳз дар шарқи Тоҷикистон пурфоҷиатарин заминҷунбӣ дар таърихи кишвар рух дода буд.
Соати тақрибан 9 –и саҳари 10- уми июли соли 1949 Тоҷикистонро сахттарин заминларза такон дод, ки дар як мижа задан Ҳойит ба хок яксон шуд. Заминҷунбӣ, ки рехтани кӯҳу сангпораҳо ва селро дар пай дошт, ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабуд.
Тибқи маълумоти гуногун, он замон аз 15 то 40 ҳазор одам зинда ба зинда зери хок монда ҳалок шуданд.