https://sputnik.tj/20210710/muhofiz-prezident-qirghiziston-mubtalo-koronavirus-1040792650.html
Муҳофизи Президенти Қирғизистон мубталои коронавирус шуд: Ҷабборов чӣ ҳол дорад?
Муҳофизи Президенти Қирғизистон мубталои коронавирус шуд: Ҷабборов чӣ ҳол дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳарчанд ташхиси Содир Ҷабборов манфӣ аст, аммо бо маслиҳати пизишкон раисиҷумҳур ба худинзивоъ рафт 10.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-10T15:20+0500
2021-07-10T15:20+0500
2021-08-10T17:02+0500
қирғизистон
тандурустӣ
осиёи марказӣ
содир ҷабборов
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1038988735_0:0:2957:1663_1920x0_80_0_0_83223f8a3dcb62e0526ddd39c90defd0.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Яке аз муҳофизони раисиҷумҳури Қирғизистон ба коронавирус мубтало гардидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти он кишвар.Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд ташхиси Ҷабборов манфӣ баромад ва ӯ гирифтори коронавирус нест, вале аз рӯи чораҳои бехатарӣ ва тавсияи мутахассисон, Президент ба гӯшанишинӣ рафт.Ба худинзивоъ рафтани Ҷабборов дар ҳолест, ки дар Қирғизистон интихоботи вакилон ҷараён дорад ва раисиҷумҳур бевосита дар ин маърака иштирок кардан натавонист.Ҳамин тариқ, Ҷабборов дар интихоботи такрории вакилони Шӯрои шаҳри Бишкек дар манзили худ овоз дод. Комиссияи интихоботӣ барои рҳбари давлат овоздиҳии сайёр ташкил намуданд.Маврид ба зикр аст, ки шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон беш аз 1000 ҳолати ҷадиди мубталошавии коронавирус ба қайд гирифта шуд.Ситоди фаврӣ алайҳи бемории коронавирус мегӯяд, дар давоми 24 соати ахир, дасти кам 10 нафар қурбони ин беморӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20210617/mahdudiyatho-bishkek-avj-siroyat-koronavirus-qirghiziston-1040268445.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1038988735_129:0:2860:2048_1920x0_80_0_0_88e4fcf923a9d0e6c449b67a8d0805e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, тандурустӣ, осиёи марказӣ, содир ҷабборов, коронавирус
қирғизистон, тандурустӣ, осиёи марказӣ, содир ҷабборов, коронавирус
Муҳофизи Президенти Қирғизистон мубталои коронавирус шуд: Ҷабборов чӣ ҳол дорад?
15:20 10.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Ҳарчанд ташхиси Содир Ҷабборов манфӣ аст, аммо бо маслиҳати пизишкон раисиҷумҳур ба худинзивоъ рафт
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Яке аз муҳофизони раисиҷумҳури Қирғизистон ба коронавирус мубтало гардидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти он кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд ташхиси Ҷабборов манфӣ баромад ва ӯ гирифтори коронавирус нест, вале аз рӯи чораҳои бехатарӣ ва тавсияи мутахассисон, Президент ба гӯшанишинӣ рафт.
Ба худинзивоъ рафтани Ҷабборов дар ҳолест, ки дар Қирғизистон интихоботи вакилон ҷараён дорад ва раисиҷумҳур бевосита дар ин маърака иштирок кардан натавонист.
Ҳамин тариқ, Ҷабборов дар интихоботи такрории вакилони Шӯрои шаҳри Бишкек дар манзили худ овоз дод. Комиссияи интихоботӣ барои рҳбари давлат овоздиҳии сайёр ташкил намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон беш аз 1000 ҳолати ҷадиди мубталошавии коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Ситоди фаврӣ алайҳи бемории коронавирус мегӯяд, дар давоми 24 соати ахир, дасти кам 10 нафар қурбони ин беморӣ шуданд.